Ҷавоб ба Мирзо Салимпур

Дар сомонаҳои интернетӣ мебинем, ки Мирзои Салимпур дар интернет сомонаи хусусӣ кушода, бо суханҳои дуруғу бемантиқ байни мардум фитнаангезӣ мекунад. Мирзои Салимпур айни замон дар шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чехия кору фаъолият мебарад. Аслан Мирзои Салимпур аз ноҳияи Ҳисор буда, дар он ҷо ба воя расидааст ва хатмкардаи Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон мебошад. Ў дар нашрияҳои Ҷавонони Тоҷикистон Адолат ва Чароғи руз ва радиои Озодӣ фаъолият кардааст.

Мирзо Салимпур хоини миллат ва ватанфуруш аст. Мирзои Салимпур дар Фейсбук сомонае бо номи «Ахбор ком» кушодааст, ки дар он хабарҳои дуруғу фитнаангез бознашр менамояд. Аслан ў метавонад ба ватани худ омада фаъолияти кориашро давом диҳад, аммо вай барои пулу мансаб шуда, ватани худро фурухт. Бисёртар Мирзои Салимпур меъёрҳои ахлоқии миллии моро зери пой карда, ба шурандози машғул аст. Мирзои Салимпур бо сомонаи худ "Ахбор ком" гуё шуҳрати худро чаҳонӣ намуда, худроба чаҳониён мешиносонад. Салимпур ба ватани худ хиёнат намуда, дар мулки бегона барои бегонагон кор мекунад. Мирзои Салимпур дуруғгуи гузаро аст. Он бофтаҳои хаёлии худро, ки дар сомонаҳои интернетӣ менависад ягон далел надорад ва у ҳеҷ гоҳ ба мақсади нопокаш намерасад.

Абдуҷабборова Роҳат, муаллимаи кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ