Изщороти кафедраи умумидонишгоҳии информатика дотсент Шамсидинов Х.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сарварии шахсияти маъруфу хирадманд, сиёсатмадори дурандеш, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва халқи заҳматкаши тоҷик рӯзҳои вазнину сангинро паси сар намуда, дар ҷаҳон ҳамчун давлати рушди устувор дошта ва босубот шинохта мешавад. Дастовардҳое, ки мо дар тӯли зиёда аз 27 соли Истиқлолияти давлатӣ ба даст овардем, дар рушди давлатдории миллӣ, соҳаҳои мухталиф ва некӯаҳволии мардум саҳми сазовор гузоштанд. Мутаассифона чанд муддат аст, ки хоинони миллат ба монанди Кабирӣ, Алим Шерзамонов, Сайидюнуси Истаравшанӣ ва Илҳом Ёқубов тавассути сомонаҳои иҷтимоӣ гузоришоту суханрониҳои фитнаангез ва тафриқаандоз, манфиатҳои ТТЭ ҲНИ ва созмони паймоншиканонро бо номи Паймони миллии Тоҷикистон дифо намуда, ба тарғибу ташвиқи супоришҳои хоҷагони хориҷиаш машғуланд.

Ҳоло мехоҳем дар бораи яке аз ин чеҳраҳои манфур, Илҳом Ёқубов, шахсият ва андешаҳои муғризонаи ӯ ибрози назар намоем.

Илҳом Ёқубов шахси дуруя, савдогар ва бесаводу хушомадгӯй буда, дар гузашта бо тахаллуси Илҳом-баксёр ба авбошию қонуншиканиҳо машғул буд. Падари ӯ Дадоҷон Ёқубов собиқ устоди донишгоҳ узви ашаддии ТТЭ ҲНИ ва хизматгори Кабирӣ буда, имрӯз ҳамроҳи фарзанди беномусаш дар хориҷи кишвар қарор дорад.

Агар ба таърихи авлоди ин оила нигарем, онҳо аз водии Фарғона, Ҷумҳурии Ӯзбекистон буда, шуғли асосиашон дуздию ғорат ба шумор мерафт, ба деҳаи Ғудоси ноҳияи Ашт кӯч бастаанд, ки Илҳом ва падараш зодаи ҳамин деҳа мебошанд. Баъди талқин намудани ақидаҳои ифротӣ ва ҷангҷӯӣ мардуми деҳаи Ғудос ин оиларо радди маърака менамоянд ва онҳо ба шаҳри Хуҷанд маҳаллаи Чашма кӯч мебанданд. Ҳамкорони падари Илҳом Д. Ёқубов баён менамоянд, ки шахси якрав, тундраву ифротӣ буда, бо риши дароз ба кор меомад ва ба тарғиби ғояҳои муғризонаи ҲНИ машғул буд. Шахсоне, ки ин оиларо хуб мешинохтанд бо ҳайрат иброз менамоянд, ки онҳо аз як оилаи қашшоқ бо кадом пулу мол якбора дар шаҳри Хуҷанд хонаи боҳашамат сохтанд ва сарватманд гардиданд. Аниқ аст, ки ин пулҳои аз ҷониби хоҷагонашон барои иҷрои дастуру супоришҳои хиёнаткорона инъом гардидаанд.

Дар сабти видеоие, ки дар сомонаи Ютуб то ҳол вуҷуд дорад ва санаи 19 июни соли 2015 гузошта шудааст Илҳом Ёқубов зикр мекунад, ки аз соли 2003 аъзои ҲНИ буда, солҳои 2013-2014 вазифаи роҳбари бахши вилоятии ин ташкилоти ифротиро бар дӯш доштааст. Соли 2014 бо хоҳиши худ аз ин ҳизб даст кашидааст ва ҳатто аризаашро низ нишон медиҳад. Дар он сабт ин шахси беномус таъкид мекунад, ки ӯ хато будани роҳ ва барномаи ҲНИ-ро дарк кардааст ва ҳар ҷое, ки ҳизби исломӣ ҳаст боиси ихтилоф ва ҷудоиандозиҳо байни мардум мегардад. Дар ин сӯҳбат оиди манъ кардани фаъолияти ин ташкилот сухан меронад.

Дар як муддати кӯтоҳе, И. Ёқубов вазифаи раиси федератсияи бокси вилоятро ба ӯҳда гирифта буд, чанд тан ҷавонони варзишгарро гумроҳ намуда, ҳамақидаи худ карда буд.

Дуруяву дуруғгӯй будани Илҳом Ёқубов ба он ифода меёбад, ки баъди муваффақ нагардидани намояндагони ин ҳизб дар интихобот бо ҳиллаву найранг аз пушаймониҳо сухан ронда, дар ботин аз ғуломи Кабирӣ буданаш ҳеҷ гоҳ даст накашидааст.

Амаки Илҳом Ёқубов, ки таи солҳои зиёд ҳамчун роҳбари дастгоҳи МИҲД ноҳияи Ашт фаъолият бурдааст, виҷдонаш ба амалҳои бародар ва ҷияни хиёнаткораш тоб наоварда, имрӯз ба бемороии майпарастӣ гирифтор шудааст.

Мо мардуми заҳматкаш ва ҷабри таърихро кашидаи тоҷик ба муқобили душманонаи хоинони миллат, ки таи чанд сол ба тарафи зарзамин ва хоки муқаддаси ватанамон санги маломат мепардоянд, муборизаи беамон бурда, зиракии сиёсӣ, ҳисси ватандорию инсоншиносии худро дучанд зиёд намуда, намегузорем то ба суботу оромии кишвари мо халале ворид намоянд.


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ