Изороит устодон ва кормандони кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ
Нисбати соли 1992 айни замон Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке давлатҳои пешрафтаи ҷаҳон гаштааст. Буданд нафароне, ки муқобилӣ мекарданд, ба давлату ватани хеш хиёнат карда баромада рафтанд. Ободии ватанро дида ба сомонаҳои интернетӣ бисёр суханҳои бардурӯғро нисбати миллати тоҷик изҳор мекунанд. Яке аз ин одамон Мирзои Салимпур аст, ки ба давлат хиёнат карда, боз аз хориҷа истода суханҳои бардурӯғ мегӯяд.
Дар сомонаҳои интернетӣ мебинем, ки Мирзои Салимпур дар интернет сомонаи хусусӣ кушода, бо суханҳои дуруғу бемантиқ байни мардум фитнаангезӣ мекунад. Аз он рӯзе, ки хоинони ватанфурӯш барои паҳн намудани маълумоти бардуруғ сомонаи бо номи «Ахбор»-ро ташкил намуданд ва дар он асосан маводи иғвоангези Мирзои Салимпур нашр мешавад, мардум хусусиятҳои террористиву экстремистӣ доштани онро эҳсос намудаанд.
Маълум аст, ки амали осонтарин айбмониву айбҷӯист. Мутаассифона мардуме ҳастанд, ки агар дар байни ду нафар нофаҳмие рух дод, айбҳоеро меҷӯянду ном мебаранд, ки ба гуфти мардум дар рӯи бел ҳам намеистад.
Сиёсати пешгирифта ва оқилонаю дурбинонаи Пешвои маҳбуби мо буд, ки имрӯзҳо дар кишвар нерӯгоҳҳои хурду бузург сохта шуданду ҷумҳурии мо ба истиқлолияти энергетикӣ ноил шуда истодааст. Ё ифтитоҳ, таъмир ва бунёди садҳо нақбу роҳҳо буд, ки имрӯз Тоҷикистони азизи мо аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт. Аммо аз тарафи бархе аз нафарон, ношукрии ин ободӣ, сулҳу салоҳи миллӣ ба назар мерасад. Бисёриҳо мехостанд, ки халқи тоҷикро сиёҳ кунанд, лекин бо ҷонбозиҳои ҷаноби олӣ, пешвои муаззами миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин корҳои номатлуб бартараф карда шуд.
Имрӯзҳо кишвари азизамон бисёр пешрафт дорад, ободии ватан дар дасти миллати тоҷик аст. Боиси хурсандист, ки тайи чанд соли охир соҳаи иқтисодиёт ва илми Тоҷикистон ба дигаргунии куллӣ рӯ ба рӯ шуда, дар ин замина ба дастовардҳо ноил гардид.
Худ як рӯзноманигори давлат буда, локин нисбати ватани хеш, нисбати ин оромӣ, ин сулҳу салоҳ ношукри мекунад ва боз ба ихтилоф меандозад. Халқи тоҷик бисёр рӯзҳои вазнинро аз сар гузаронд. Аз ин нафаре, ки ба давлати худ хиёнат кардааст, ҳатто устодаш ва бародараш низ оқ кардаанд.
Дар баробари ин ки бародари ҳамхунаш ӯро оқ кард, мо аз ӯ дигар чизи хубро интизор шуда наметавонем. Мо медонем, ки Мирзои Салимпур як нафаре ҳаст, ки дигар чунин мафҳумҳои хешутаборӣ ва ҳамхуниву ҳамватанӣ бегона аст. Гарчанде, ки ин нафарон суханҳои бардро нисбати ватани маҳбубамон ва Пешвои миллатамон мегӯянд.
Мо, ҷавонони даврони истиқлолият, дигар ба он найрангҳои Шумо бовар накарда, шукрона аз ободии кишвар менамоем. Чунки ин ҳама комёбиҳо осон ба даст наомадааст.