Босмачиён кӣ буданд? Қабл аз ҳама онҳо амалдорони давлатии Аморати Бухоро буданд, ки манзурашон барқарор кардани мансаб ва салтанати пешина буд. Анварпошо ба ҷо овардани "хизмати миллати исломро" пазируфта, ҳамроҳи Иброҳимбек алайҳи аскарони сурх ва халқи тоҷик меҷангад. Мақсади ӯ ҳифзи ислом ва озод кардани ранҷбарон аз асорати "болшевикони кофир" набуд, балки манзури асосиаш бо кӯмаки нерӯҳои иртиҷоии мамолики Ғарб дар ҳайати Осиёи Миёна, Афғонистон, Эрон, Закавказия, Қрим ва Туркия ташкил кардани империяи "Туркияи бузурги султонӣ" маҳсуб мешуд. Иброҳимбек дар шахси ҳамин моҷароҷӯи байналмилалӣ пуштибон ёфта, ба вилояти Ҳисор ҳуҷум мекунад. Баъди ғанимат гирифтани хазина ва олоти ҳарбӣ Ҳисорро ба худ марказ қарор дода, ҷониби Деҳнав, Бойсун, Ғузор, Шеробод, Қаршӣ ҳаракат карда, ғоратгарӣ, дуздӣ ва кушторро ба авҷ мерасонад. ӯ аз ин "комёбиҳояш" амирро огоҳ месозад. Абдуқодир Муҳиддинов, нахустин раиси Кумитаи инқилобии Тоҷикистон, дар сарсухани худ ба асари Абдурауфи Фитрат "Давраи ҳукмронии Амир Олимхон" (1930) чунин навишта буд: "Анвар, Иброҳим, Фузайл ва дигар саромадони босмачиҳо аз номи амир кор карданд, халқро тала ва тороҷ намуданд ва аз ҳиссаҳои дуздӣ ҳамеша ҳиссаи амирро ба ӯ мерасониданд. "Босмачиён на ҳомии дин ва на мухториятхоҳ, на меншивик, балки аз ҳама чиз пештар дузди ғаддор ва яғмогари хунхоранд, - навишта буд устод Айнӣ. Мо наметавонем дар як мақола ҳамаи осори нависандагонро, ки таърихи пайдоиши ҳаракати босмачигӣ ва оқибатҳои фоҷиабори онро бозгӯӣ мекунанд, аз назар гузаронем. Фақат ҳаминро таъкид карданӣ ҳастем, ки асарҳои нависандагони тоҷик ҳақиқати воқеии ҳаётро дар бар гирифтаанд. Воқеияти таърихӣ ва аъмоли босмачиён, ҳамчунин дар тадқиқоти М.Эркаев "Таърихи ҷанги гражданӣ дар Тоҷикистон" (1966), Т.Каримов "Ғалабаи Револютсияи Кабири Сотсиалистии Октябр ва ҳаллу фасли масъалаҳои аграрӣ дар Тоҷикистон", Р. Абдулҳаев "Мустаҳкам намудани ҳокимияти шӯравӣ дар болооби Зарафшон (1818-1923)" (1972) ва дигар олимони тоҷик, рус, ӯзбек, туркман, англис бо далелҳои раднопазир баррасӣ гардидаанд. Нависандагони тоҷик ҳанӯз симои ҳақиқии Иброҳимбек, Фузайл Махсум, Сайид Аҳмад ва амсоли инҳоро чунон ки бояд, ба риштаи тасвир накашидаанд. Ин босмачиён содаю беақлу аблаҳу гӯлу гумроҳ набуданд. Онҳо инсонҳои доно, зирак, маккор, ҳушёр, нотарс ва соҳибирода ба ҳисоб мерафтанд. Дар китоби сеюми Кароматуллоҳи Мирзо "Дар орзуи падар" чеҳраи сиёсии тарҳрезони хориҷии даргириҳои солҳои 90-ум дар Тоҷикистон ва робитаи онҳо бо сиёсатбозони маҳаллӣ моҳирона ба риштаи тасвир кашида шудааст. Воқеаҳои номатлуби солҳои 90-ми қарни бист, ки ба ҷанги бемаънии байни тоҷикон оварда расонданд, аз раҳпаймоии гурӯҳи норозиҳо аз сиёсати ҳукумати вақт ибтидо гирифта буд. Баъд ташкили аҳзоби сиёсӣ ва ҳаракатҳои ба ном мардумӣ сар шуд. Ҳизби демократи Тоҷикистон ва ҳаракати "Растохез" ба фаъолият шурӯъ карданд. Дертар аз суханронии баъзе сиёсатбозҳо фаҳмидем, ки Ҳизби наҳзати ислом махфӣ -16 сол муқаддам таъсис ёфта будааст ва дар масоҷид амал мекардааст. Ҳамаи инҳо худро ба Ҳизби коммунист ва ҳукумати вақт муқобил мегузоштанд. Вақте ки Тоҷикистон озодии сухан ва виҷдонро ҳамчун падидаҳои демократия эълон кард ва ба фаъолияти аҳзоби сиёсӣ иҷозат дод, рӯзномаи "Адолат", нашрияи Ҳизби наҳзати ислом, чоп шуд. Тадриҷан нерӯҳои мухолифини сиёсии тоҷик ташаккул меёфтанд. Бегонаҳо аёну ноаён ба ин қувваҳо роҳнамоӣ мекарданд. Ёд дорам, ки телевизиони Маскав "Мавқеъ" ном барнома ташкил карда буд ва намояндаи он ба Душанбе омада, суханронии Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, қозии Тоҷикистонро ба навор гирифт. Дере нагузашта сӯҳбати эшон дар бораи нақши дини ислом дар инкишофи афкори ҷамъиятиву сиёсии замон ба забони русӣ пахш гардид. Дар натиҷаи фишороварии муттафиқонаи роҳбарон ва дигар намояндагони Ҳизби наҳзати ислом, Ҳизби демократи Тоҷикистон ва ҳаракати ба ном мардумии "Растохез" нахустин Президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов аз вазифааш истеъфо дод. Аз Русия намояндагони аҳзоби мухолифон А.Собчак ва Е. Велихов ба Душанбе омада буданд. Иҷлосияи Шӯрои Олии Тоҷикистон давом дошт. Аммо дар утоқи дигар Қозӣ домулло ҳамроҳи Мелихов ва Собчак вазирон ва раисони кумитаҳои давлатии Тоҷикистонро фишор оварда, ташвиқ мекарданд, ки ба нағзӣ истеъфо диҳанд. Мардумро ба майдонҳо ҷудо карда буданд. Одамони "Майдони озодӣ" ва "Майдони шаҳидон" алайҳи ҳамдигар ҳарфҳои талху тунд мегуфтанд. Дар "Майдони шаҳидон" аз назди Театри давлатии академии драмаи ба номи Лоҳутӣ то Театри давлатии драмаи русии ба номи В.В. Маяковский хиёбони марказии пойтахтро баста, ҳаракати нақлиётро боздошта, хайма заданд. Роҳбарони ин бесомониҳо хурофотпарастони мутаассибро ба муборизаи мусаллаҳона даъват намуданд, ба ҷавонони содалавҳи нодон яроқ дода гуфтанд: "Зафар биёбӣ, ғозӣ мешавӣ, бимирӣ шаҳид мешавию ба ҷаннат меравӣ!" Дар солҳои бистуми асри гузашта низ қӯрбошиҳо ва уламои иртиҷоӣ ба ҷавонони бесавод, ки ба доми босмачиён меафтоданд, ҳамин зайл мегуфтанд. Инҳо шаклҳои нави босмачигӣ дар авохири асри бист ба шумор мерафтанд. Ҳамлаи мусаллаҳонаи полковник Маҳмуд Худойбердиев аз мавзеи Бахмали ҷумҳурии ҳамсоя ба вилояти Суғд, ки маркази вилоятро ба фоҷиа гирифтор намуд, босмачигии замони нав буд. Ҷанге, ки дар Тоҷикистон босмачиёни навбаромад сар карданд, беш аз 120 ҳазор одамро ба коми худ кашида, боиси мусофирати иҷбории зиёда аз як миллион нафар ба Афғонистон гардид. Зарари моддию молиявии он ба ҳашт миллиард долллари амрикоӣ баробар шуда, 35000 манзили меҳнаткашон бо молу амволашон нобуд гашт, 55 ҳазор кӯдак ятим монд. Танҳо ба шарофати талошҳои фидокоронаи Эмомалӣ Раҳмон - Президенти Тоҷикистон ва ҳамдастии Сайид Абдуллоҳи Нурӣ, роҳбари мухолифони тоҷик, дар кишвари мо сулҳ ва ризояти миллӣ барқарор гардид, баъд давраи созандагӣ оғоз ёфт. Сулҳи байни тоҷикон нодиртарин воқеаи сиёсӣ дар таърихи дипломатия аст, ки қувваю қудрати давлати хеле ҷавони соҳибистиқлоли моро нишон медиҳад. Ба имзо расидани ҳуҷҷати таърихии Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ зуҳуроти дурахшони тафаккури нави ҳар ду тараф буд. Мутаассифона бархе аз ҳамватанони мо дастовардҳои назарраси зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ баамаломадаро нодида гирифта, мардумро мехоҳанд ба иштибоҳ андозанд. Барои онҳо сулҳ, оштӣ, ризоят, ваҳдат чандон арзиш надоранд. Ҳадафи онҳо ноором сохтани ҷомеа ва аз ҳисоби хоҷагони хориҷиашон кайфу сафо карда гаштан аст. Дар сурате, ки бисёр дипломатҳои кишварҳои хориҷӣ барои омӯхтани таҷрибаи Тоҷикистон меоянд, баъзе сиёсатбозони миллӣ ҳукумати бунёдкорамонро танқид намуда, "пешвоён"-и худро тавсиф мекунанд. Ин ҳам зуҳуроти ҷоҳпарастӣ ва мансабталошӣ мебошад, ки ҷомеаро ба вартаи нооромӣ мекашад. Фикру андешаҳои шахсиятҳои бузурги гуногунмиллат ва гуногунмазҳаб, ки муродашон ободии кишвар ва осудагии рӯзгори халқ аст, ба ҳамдигар наздиканд. Дар сари қабри Ҷон Кеннедӣ, презеденти шодравони ИМА, дар санги хоро бо ҳарфҳои заррин чунин суханҳои ӯро навиштаанд: "Амрикоиҳои азиз, Шумо иддао макунед, ки Амрико барои Шумо чӣ корҳоро анҷом бидоду кадом корҳоро ба сомон нарасонд. Як маротиба аз худатон бипурсед, ки Шумо барои Амрико чӣ кор кардед?!" Ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон низ метавонад ба худ савол бидиҳад, ки барои пешрафти Ватани худ, сулҳу субот ва ояндаи дурахшони он чӣ хидмате ба ҷо овард?! Мулоҷонов Мансурҷон Сармуаллими кафедраи санъати тасвирӣ ва ҳунарҳои халқӣ | |