Изҳороти устодони факултети филологияи рус
Санаи 10 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Берлин ба ном гирдиҳамоии мухолифони Ҳукумати Тоҷикистон баргузор гашт. Дар ин гирдиҳамоӣ суханварон талаботи худашонро гуфтанд ва дар шабакаҳои иҷтимоӣ видеороликҳояшонро гузоштанд. Ба қавле талаботашон кироӣ ҳам нест, аммо аз он на бӯи дилсӯзӣ, балки бадбӯии дасисаву иғво меояд.
Дар яке аз роликҳо як нафар ҷор зада мегӯяд, ки дар Берлин арчаи одӣ гузошта шудааст, аммо дар Душанбе гӯиё ба сад ҳазор доллар ва ё евро арча рост кардаанд. Ин як муқоисаи нораво ва бидуни мантиқ аст. Дар Олмон урф чунон аст, ки иди Мавлуди Масеҳро қайд мекунанд ва арча бояд хоксорона бошад, ки ин аз таълимоти динияшон бармеояд. Аммо дар Тоҷикистон бошад, арча ҷои ҷамъшавии одамон, ҷои рақсу бозӣ ва хурсандӣ аст. Онро оро додан ҳеъ монеае надорад. Дар Душанбе арчаи 28 метра рост карданд, дар Хуҷанд 20 метра, дар Тошканд 35 метра, ин чӣ бадӣ дорад?
Аз чеҳраи дар митинг иштироккардагон маълум аст, ки онҳо на сидқан, балки ба тариқи маҷбурӣ ва ё кироя он ҷо гирдиҳамоӣ ташкил кардаанд. 300 нафарро иштирокчӣ ном мебаранд, аммо агар воқеиятро гирем, зиёда аз 150 нафарашон кӯдаконанд, ки бо волидони раҳгумзадаашон ба назди Сафорати Тоҷикистон дар Берлин ҷамъ омадаанд. Кӯдак куҷову даъвои сиёсӣ кардан куҷо?
Хуб кард, ки сафир ба назди гирдиҳамомадагон набаромад. Арзандаи чунин муносибат ҳастанд он бадтинатони бадниҳод! Дигар миллати мо ба дасисаю найрангҳои ин гуна ашхос гирифтор нахоҳанд шуд.
Изҳороти устодони факултети филологияи рус