Изҳороти устодони кафедраи умумидонишгоҳии педагогикаи умумӣ
Ҳамагон огоҳ ҳастанд, ки аз тариқи шабакаҳои иҷтимоии интернетӣ наҳзатиён барои вайрон кардани суботи халқу мамлакат бо баҳонаҳои ноҷўя мехоҳанд сангаҳо партоянд.
Ин тоифа нобакорон санаи 10 декабри соли ҷорӣ дар назди сафоратхонаи Тоҷикистон дар шаҳри Берлини Олмон гирдиҳамоӣ ташкил намуда, талаб доранд, ки Зайд Саидов, Муҳаммадалии Ҳаит ва Бузургмеҳр Ёров аз зиндон озод карда шавад. Ин гирдиҳамомадагони наҳати аз корҳои ифротии шахсони номбаршуда бохабар буда, боз мехоҳанд, ки онҳо ба озоди баромада барои ба вуҷуд овардани нооромиҳо дар кишвар саҳм гузоранд ва сафи наҳзатиёнро аз ҳисоби зиндониён зиёд намоянд. Ҳамчунин дар муроҷиатномаи изҳороташон аз номи кумитаи вайронаи худ аз СММ, ки нафароне, ки дар ҳабсхонаи 3 шаҳри Хуҷанд барои раҳоӣ даст доштанду ҳалок гардидаанд, шумораашонро муайян намоянд, кўмакҳои иқтисодиву молиявии ин созмонро ба Тоҷикистон боз доранд.
Ин нотавонбиниҳои зиёд ба он аст, ки рушду суботи Тоҷикистонро дар зери сиёсати сулҳҷўёнаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон надида бошанд.Ин албатта хиёнат ба ватан, номус, модар ба миллат, ба халқи шарифи Тоҷикистон аст.
Ин беватанон ба ҷои он, ки ба халқу кишвари хеш дасти ёрӣ дароз намоянд, дасти барҷмонадгон ва ниёзмандонро бардоранд, барои оромиву осудагии кишвар чора андешидан беҳтар мебуд.