Изҳороти аъзоёни Шўрои олимони ҷавони донишгоҳ оид ба гирдиҳамоии ТТЭ ҲНИ
Бисёр барои зиёнаткорон расм шудааст, ки худро дар либоси «аллома»-ву зиёӣ ба намоиш гузошта, теша ба решаи миллат ва давлат зананд. Чунин амали разилона ва ҷоҳилона ба намояндагони ТТЭ ҲНИ дар оѓози фаъолияти сиёсиашон хос буд, ки баъдан инро ҷомеаи меҳнативу фарҳангии Тоҷикистон эҳсос кард ва тавре ҳамаи сокинони мамлакат медонанд, аъзоёни ин ташкилоти ифротӣ бо хоҳиши худ аз сафи ин ниҳод террористӣ хориҷ шуданд.
Гирдиҳамоие, ки дар назди сафорати Олмон ташкил карда шуд, сарчашмааш ҳамин ба шумор меравад. Ин усулро инҳо аз роҳбарони хориҷиашон ба мерос гирифтаанд ва ҳар дафъае, ки онҳо бепулу мол ё содда карда гўем гушна монанд, ҳатман ягон короре анҷом медиҳанд. Масалан, пеш аз ин гирдиҳамоӣ ба ҷони шаҳрванлони хориҷӣ қасд карда, чандин нафари онҳоро ба ҳалокат расониданд.
Аз расму намоишҳои онҳо ба таври рўшан возеҳ гардид, ки онҳо ҳамаи аъзоёни оилаашонро ба ин чорабинии ифротӣ ҷалб кардаанд ва маълум, ки ҳар як нафари иштироккунанда дар ин чорабини аз ҷониби манфиатхоҳон маблаѓба даст меоваранд.
Ба Муҳиддин Кабирӣ, ки як одами номуваффақ ва хиёнаткор дарарсаи олам шинохта шудааст, як маслиҳати дўстна медиҳем, ки аз корҳои разилонааш пушаймон шуда, бар корҳои бемантиқу аҳмақона хотима бахшад, омада сарашро дар пеши пойи Сарвари давлат барои авфи гуноҳҳои кардааш гузорад то бахшида шавад. Зеро мо боварии комил дорем, ки Ҷаноби Олӣ иродаи бахшидану авф кардани чунин хиёнаткоронро доранд ва аз гуноҳи охирин хиёнакори Ватан–Муҳиддин Кабирӣ низ мегузаранд.
Изҳороти аъзоёни Шўрои олимони ҷавони
донишгоҳ оид ба гирдиҳамоии ТТЭ ҲНИ