Изҳороти устодони кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллатмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмонҳангоми ифтитоҳи бинои навиАкадемияи идоракунии давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар суханронии худ бахшида ба Рӯзи Дониш таъкид намуданд, ки «Давлату Ҳукумат аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ба пешрафти илму маориф ҳамчун омили асосии пешрафти тамоми соҳаҳои ҳаёти ҷомеа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ин сиёсатро муттасил идома медиҳад. Қабули як қатор барномаву консепсияҳои муҳимми давлатӣ барои татбиқи ислоҳоти соҳаҳои илму маориф ва дар ин замина беҳтар намудани шароити кори олимону омӯзгорон ба сатҳу сифати таълиму тарбия дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот такони ҷиддӣ бахшид».

Албатта мо аз чунин муносибати хайрхоҳонаи Сарвари давлат нисбат ба соҳаи маориф ҳавасмандгардида, бо мақсади иҷрои рисолати азалии хеш дар роҳи таълиму тарбияи насли ҷавон ҳамаи донишу малакаи худро сарф менамоем. Бояд фаромӯш накард, ки танҳо миллати босавод метавонад насли соҳибмаърифату донишманд ва кадрҳои арзандаи давронро ба воя расонад, пеш равад ва дар ҷомеаи мутамаддин мақоми арзандаи хешро пайдо намояд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ