Изҳороти устодони кафедраи умумидонишгоҳии фалсафа

Имрӯз мамлакати мо бо баракати сулҳу ваҳдат ба марҳалаи созандагию бунёдкорӣ ворид шуда, пайваста рушд мекунад. Аммо душманони миллат мехоҳанд, ки давлатро ғасб намуда, мардумро бори дигар ба гирдоби фоҷиа ва нобасомониҳо кашанд. Хабаре, ки кумитаи шаҳрвандии наҷоти гаравгонҳо ва зиндониёни сиёсии Тоҷикистон бо пахши эъломияи матбуотӣ эълон кардааст, яъне 10 декабри соли ҷорӣ дар рӯбарӯи Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Берлин, пойтахти Олмон гирдиҳамоии бузурге ташкил мекунад, кору найрангҳои навбатии ҷоҳилони миллати худаст.

Дар ҳамин радиф вазифаи ҷоноҷони ҳар кадом аз мардуми баору номуси миллат дар он аст, ки бо азму иродаи қавӣ, бо масъулияти ватандорӣ ва бохудогоҳии миллӣ, ба хотири ояндаи дурахшони миллати хеш дар пайрави аз иқдомҳои созандаи Пешвои миллат, мо низ кушишу заҳмат намоем. Ин ватан, ин сарзаминхо ки муқаддаси мост. Замине, моро сафобахшидаву зиндагониамонро нусрат бахшид. Мардумони шарафманди миллати мо имрӯз бояд донандаи сулҳу ваҳдате, ки болои сари мо парафшон аст, бо заҳмату талошҳои хело зиёди Пешвои муаззами мо ба дастомадааст ва ҳар як шаҳрванди кишвар аз он вазъи сулҳу амоние, ки дар кишварамон ҳаст, фахр бояд кунад, зеро ки кишвари мо бо қадамҳои устуворона пешрафта истодааст.

Мо омӯзгорони ҷавон тарафтори сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти кишвар мӯҳтарам |Эмомалӣ Раҳмон ҳастем. Ва ҳамеша барои ҳимояи ватан омода ҳастем!

Ҷабборова В.Ҳ.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ