Изҳороти устодони кафедраи информатика ва математикаи ҳисоббарор

Дар сомонаҳои интернетӣ мебинем, ки Мирзои Салимпур дар интернет сомонаи хусусӣ кушода, бо суханҳои дуруғу бемантиқ байни мардум фитнаангезӣ мекунад. Мирзои Салимпур айни замон дар шаҳри Прагаи Ҷумҳурии Чехия кору фаъолият мебарад. Аслан Мирзои Салимпур аз ноҳияи Ҳисор буда, дар он ҷо ба воя расидааст ва хатмкардаи Донишгоҳи Давлатии Миллии Тоҷикистон мебошад. Ў дар нашрияҳои Ҷавонони Тоҷикистон Адолат ва Чароғи руз ва радиои Озодӣ фаъолият кардааст.

Аз он рӯзе, ки хоинони ватанфурӯш барои паҳн намудани маълумоти бардуруғ сомонаи бо номи «Ахбор»-ро ташкил намуданд ва дар он асосан маводи иғвоангези Мирзои Салимпур нашр мешавад, мардум хусусиятҳои террористиву экстремистӣ доштани онро эҳсос намудаанд. Чуноне, ки мушоҳида мешавад, мутасаддиёни ин сомона ба ҷуз шабу рӯз паҳн намудани хабарҳои бардуруғ ҷиҳати ҷудоиву иғвоандозӣ байни мардум дигар коре надоранд. Аз аввал чунин менамояд, ки дилсӯзи давлату миллатанд ватанро мисли модарашон дӯст медоранд ва барои ободии он кӯшиш ба харҷ мебаранд. Дар асл бошад, ба гуфти шоир: «Бузургӣ саросар ба гуфтор нест, Дусад гуфта чун ними кирдор нест!».

Маълум аст, ки амали осонтарин айбмониву айбҷӯист. Мутаассифона мардуме ҳастанд, ки агар дар байни ду нафар нофаҳмие рух дод, айбҳоеро меҷӯянду ном мебаранд, ки ба гуфти мардум дар рӯи бел ҳам намеистад. Бо маънои дигар барои ба як нафар туҳмат задану айби набударо бастан, на дипломи донишгоҳ лозиму на дониши кофӣ.

Рузҳои охир аз сомонаи интернетии “Ахбор.ком” ҳар гуна суханҳои дуруғу пуч аз тарафи Салимпур ба табъ мерасад. Ин Салимпури аҳмақ барои пули ҳароме, ки аз тарафи хоҷагонаш мегирад номи Ватане, ки худ зиндагӣ кардааст сиёҳ мекунад. Муҳиддин Кабирию Мирзо Салимпур барин шахсиятҳои дуруя барои пулу мол ватанфурушӣ карда истодаанд.

Пеш аз оне, ки ягон сухан дар бораи давлат бигӯяд аввал ҳаминро донад, ки на дигарон, балки худашу хоҷагонаш барин шахсиятҳо дар фермаанд. Он мақсади нопоки Салимпур ба ҷое намерасад. Чи хеле ки мегуянд, хиёнаткор ҳеҷ ба мақсад намерасад ба қавле корвон меравад, ин сагон аккос мезананд.

Хулоса, ҳамчун шаҳрвандони Тоҷикистон чунин амалҳои бадкирдоронро маҳкум намуда, аз мардуми шарифи ватанамон хоҳиш менамоем, ки ба суханҳои беасоси ин нохалафон аҳамият надиҳанд.

Устодони кафедраи информатика ва математикаи ҳисоббарор

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ