Изҳороти устодони кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудит Абдуллоева Д.Х.

Тоҷикистон чун давлати демокративу ҳуқуқбунёд имрўзҳо дар арсаи байналмиллалӣ мақом ва манзалати хоса дорад. Баҳри таҳкимёбии ҳокимияти конститутсионӣ, амалӣ намудани ғояҳои демократӣ чун меҳвари асосӣ ҳисобида мешавад. Дар Тоҷикистон озодии виҷдон, озодии шаффофияти он пурра дар зери назорати давлат қарор дорад. Лекин айни замон шахсоне, ҳизбу ҳаракатҳо ва созмонҳое ҳастанд, ки кўшиш менамоянд, мақсаду маром, ғояву андеша, афкор ва нақшаҳои худро бо ҳар роҳу васила ва ҳатто бо амалҳои тундравона амалӣ созанд. Мисоли онҳо Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон (ҲНИ) мебошад.

Аз гуфтаҳои собиќ намояндагони он бар меояд, ки маќсади онҳо на ҳифзи ҳуќуќи мусалмонон, балки бадном намудани онҳо мебошад. Ҳар як ҳизб новобаста ба сохторуаќоиди сиёсиашдар назди худ яквазифа мегузорад, ки он соҳиби мансаб шудан мебошад. Баъди ба сари ҳокимият омадан аъзоёниҳар як ҳизб кўшиш мекунанд, сохтори давлатиро мувофиќи низоми худашон ба роҳ монанд. ҲНИниз баъди ташкилёбиаш танҳо як маќсад дошт, ғазби ҳукумат, сарнагум сохтани сохти давлатдорӣ, барпо кардани давлати исломӣ. Барои ноил гаштан ба ин маќсади ғаразнопокашон онҳо аз номи дини ислом баромад намуда, давлати тинҷу оромро ба вартаи ҷанги шаҳрвандӣ ғўтониданд. Гарчанде таъиноти асосии таъсисёбии ҲНИаз ҳифзи истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ, ҳимояи якпорчагӣ ва тамомияти арзии Тоҷикистон, ҳимоят аз истиқрори сулҳ, таъмини ваҳдати миллӣ ва ҳамзистии бародаронаи халқҳои ҷумҳурӣ иборат бошад ҳам, вале солҳои охир аъзои он теъдоди зиёди ҷиноятҳои хусусияти террористию экстремистӣ (ифротгароӣ)-доштаро содир намуда, дар байни аҳолӣ, аз ҷумла бо истифодаи воситаҳои ахбори омма норозигию иғво ва кинаю адоват барангехта истодаанд, ки ин амалҳои онҳо боиси халалдоршавии ҳаёти осудаи шаҳрвандон ва амнияти ҷамъиятӣ гардида, ба асосҳои сохти конститутсионӣ ва соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳдид менамояд.

Хушбахтона бо қарори Додгоҳи олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ин ҳизби тафриқаандозу ҷудоихоҳ қатъ карда шуда он имрӯз ҳамчун ҳизби ифротӣ ва экстремистӣ эълон гардид.

Лекин ҳар як аъзои ҷамъияти кишвар бояд дар назар дошта бошад, ки душманони миллат аз ниятҳои ғаразноки худ ҳоло даст накашидаанд ва кўшиш доранд, ки ба ҳар роҳ байни мардум иғво андозанд. Аз ҳамин сабаб ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ дар сатҳи сиёсӣ ҳушёриро аз даст надода, бояд нагузорад, ки минбаъд ягон шахс фирефтаи доми душманони миллат дар дохил ва беруни кишвар нагардад. Дар замони муосир, тарбияи насли ояндасоз аз мо омӯзгорон ва тарбиятгарон боз ҳам масъулияти ҷиддиро тақозо менамояд. Мо бояд ба ҳар як донишҷӯ дар самти тарбия бо алоҳидагӣ корбарӣ намуда, онҳоро дар руҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва пос доштани дастовардҳои Истиқлолияти миллиро ҳифз намудан тарбият намоем.

.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ