Изҳороти устодони кафедраи системаҳои бисёршабакавии телекоммуникатсионӣ

Аз маълумотҳои матбуот маълум мешавад, ки сокинони давлати Фаронса якчанд моҳ инҷониб ва рӯзҳои охир ба сиёсат ва давлатдории президенти худ Макрон норозиги изҳор намуда гурӯҳи «Зардпӯшон» (Жёлтые желеты) нисбати президент норозиги худро баён намуда истодаанд. «Зардпӯшон» дар маркази пойтахти шаҳри Париж сафолакҳои роҳ, мағозаҳо, деворҳои декоративӣ ва ғайраро шикаста, зебогии шаҳрро вайрон карда истодаанд. Маълум аст, ки чунин норозигиву иғвоҳои зиёд ба нобуд шудани шаҳрҳои зебо оварда мерасонад.

Мақсад азгирдиҳамоии Олмон низ вайрон намудани вазъи сиёсии Тоҷикистон ва ба чунинт ҳолат расонидани он аст. Мухолифин бояд дар назар дошта бошанд, кинаметавонанд бо гапҳои беасоси худ вазъи кишвари моро вайрон намоянд. Мо шаҳрвандони давлати мустақили Ҷумҳурии Тоҷикистон аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомали Раҳмон қаноатманд ҳастем. Зеро ин ҳама осоиштагӣ ва сулҳу субот ин нишони пешравӣ ва ба даст даровардани истиқлолияти энергетикӣ мебошад, ки албатта ба беҳтарсозии ҳаёти иҷтимоии мардум таъсири бевоситаи худро мерасонад.

Ба кор даромадани агрегати якуми НБО «Роғун» ин бевосита аз давлатдорӣ ва сиёсати роҳбари Ҷумҳурӣ мебошад. Ин дастовардҳо ва пешравиҳо натиҷаи сулҳу субот ва якдигарфаҳмии мардуми тоҷик аст. Аз ин рў, мохолифон бояд донанд, ки бо чунин азму иқдоми худ наметавонанд мардуми тоҷикро раҳгум занонанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ