Изҳороти устодони факултети педагогӣ роҷеъ ба “Мулоҳизоте аз Дориюши Раҷабиён бар суханронии ахири пруфесур Иброҳим Усмонуф”
Изҳороти устодони факултети педагогӣ роҷеъ ба “Мулоҳизоте аз Дориюши Раҷабиён бар суханронии ахири пруфесур Иброҳим Усмонуф”
Вақтҳои охир фикру мулоҳизаву изҳороти “ватандорон” –и тоҷикро, ки интишороту ахбороти аз расонаҳои хабарӣ мутолиа намудаашон ба сомонаҳои иҷтимоӣ ҷойгир менамоянду ҳар маротиба мехоҳанд, ки шӯришу ғавғои баландтареро рӯи кор оварда бошанд, бисёр ба мушоҳида мерасад. Мисоли он ҳафтаи сипаришудаистода низ аз чунин чорабинӣ кам набуд: “Мулоҳизоте аз Дориюши Раҷабиён бар суханронии ахири пруфесур Иброҳим Усмонуф” ин гуна унвон дар мулоҳизоти нафаре буд, ки мехост таърихро баргардонаду амиру аморатро ҷорӣ намояд...
Агар дурусттар ба таърих бингарему онро бо чашми хирад таҳлил намоем “на ба манфиати худу ҷорӣ намудани ақидаи худ” он гоҳ чунин мулоҳизоти кӯркӯрона шояд камтар мешудагист!
Агар хонандаи гиромї нашрияи “Ҷумҳурият” –ро зери унвони “Ба таърих бо чашми хирад бингарем. Ё чаро ҳаракати босмачигарӣ расонаӣ шуд?” мутолиа намуда бошад, таърихшинос чунон иброз намудаанд: “Агар ҳаракати босмачигарӣ пирӯз мешуд, оё мо метавонистем, ки соҳиби давлат, мактаб, беморхонаҳо ва дигар иншооти муҳим бигардем? Аз соли 1920 то ба соли 1990 дар Осиёи Миёна он қадар иншооте бунёд ёфтанд, ки дар Афғонистон ба ин миқдор сохта нашуданд, дар Эрон низ. Яъне, ин дар натиҷаи шикаст додану шикаст хӯрдани босмачигарӣ буд. Агар онҳо пирӯз мегаштанд, мо соҳиби ин гуна дастоварде шуда наметавонистем.”... ин суханон то куҷо ҷон доранд, худ қазоват бикунед. Дар ҳақиқат, аз таърих огоҳ ҳастем, ки босмасчиён намехостанд, ки мардум дафтардор бошанду илму дониш биомӯзанд ва ё макони худро обод созанд, вале бо шикасти ҳаракати босмачигарӣ даштҳои бекорхобида аз худ шуда, онҳоро шодоб сохтанду мавриди истифода қарор доданд. Аз як деҳа ба деҳаи дигар сохтани роҳ оғоз шудурафтуомад байни мардум қавитар гардид ва меҳру оқибат дучанд. Мактабҳо ќомат афрохтанду донишљӯён ба гирифтани маълумот мекӯшиданд,бунгоҳҳои тиббӣ таъсис ёфтаву халқ ба дарди худ даво меёфт... ва мисолҳои дигаре фузун аст, ки ободии халқи тоҷикро баъди шикасти босмачиён нақл мекунад.
Ва агар ба замони ҳозира бингарему ҳамин “ватандорон”-ро ки ободии кишвару озодии халқро намехоҳанду доимо дар гумроҳ намудани халқи баору номуси тоҷик ҳастанд, шабеҳи ҳамон босмачиён кунем хато намекунем. Онҳо мехоҳанд, ки дубора мардумро гумроҳ кунанду фикру ақидаи худро ҷорӣ намоянд ва ободии мамлакату озодии халқро халалдор созанд...
Онҳо як чиро фаромӯш мекунанд, ки тоҷикон аз қадим соҳиби китобу қалам, илму маърифат ва олиму омӯзгор буданд, ҳастанд ва дар оянда низ хоҳанд монд! Ва мо тоҷикон доимо пайрави Пешвои муаззами худ ҳастему барои ҳимоя Ватани худ ҳар нафас кӯшиш ба харҷ медиҳем!