Изҳороти сармуаллими кафедраи умумиднишгоҳии информатика Тӯйчиев А.

Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар рамзҳои давлатӣ, ифодакунандаи давлати сохибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, дӯстиву пойдори ҳамаи халқу миллатҳои кишвар мебошад. Эҳтироми воло ва донистани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар аст. Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро карда мешавад: ҳангоми оғозу анҷоми иҷлосияҳои Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷлосияҳои намояндагони халқи Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳрҳо ва ноҳияҳо, маҷлису ҷамъомадҳои тантанавӣ ва дигар ҷашнҳое, ки дар Ҷумҳурӣ мувофиқи Қонун иди умумихалқӣ эълон гаштаанд; Суруди Миллӣ ин ифтихору эътибори миллат ва яке аз рамзҳои муқаддаси давлатӣ буда, дар моддаи 3 Конститутсияи мамлакат омадааст, ки «Рамзҳои давлатии Тоҷикистон Парчам, Нишон ва Суруди Миллӣ аст». Дар банди аввали Низомномаи Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тавзеҳи зерин зикр шудааст, ки «Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон рамзи давлатии соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, ифодагари дўстии пойдори ҳамаи халқу миллатҳои кишвар мебошад.

Эҳтироми воло ва донистани Суруди Миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаи муқаддаси ҳар шаҳрванди кишвар аст».

Дар қаламрави ҷаҳон ҳар як давлат Суруди Миллии худро, яъне Гимни худро (гимн – юн.қ. – суруди мутантан, ботантанае, ки касе ва ё чизеро ҳамду сано мекунад) доро аст. Дар Суруди Миллӣ дар ибтидо эҳсосу ниёишҳо, ормонҳои халқ бо арзи сипосу ихлоси самимона, бо ҳисси волои ватанпарварӣ ва ватандўстии «Диёри арҷманди мо…» зуҳур намуда, башорати нишонаи ниёгони бузургвор доштан, ҷаҳони ҷовидона будан, азалӣ ва абадӣ будан, арзишу манзалати давлатдорӣ дар иқрори муҳаббати устувори садоқатмандона дар мавриди «Ту модарӣ, ягонаӣ…» сабту собит гардида, ин ҳама омезишу тобиши ҳастибахши дарку идроки баланди ватандориро танинандоз менамояд. Мутантану ифтихормандона бо садову савти зиндагисозу зиндагибахш ва ҳидоятгару иноятбахшона садо медиҳад.

Ман ҳам, мисли ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ, чун як фарзанди дўстдору дилбанди ин Ватани маҳбубу озод, Суруди Миллии давлати безаволамро дўст медорам ва бо ифтихори онро сарфарозу сарбаланд бо забони шевотарину ширинтарини дунё – тоҷикона бо шавқу завқи нотакрори ватандорӣ месароям.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ