Изҳороти садорати факултети филологияи тоҷик
Имрӯзҳо, ки мардуми тоҷик дар арафаи Соли нави мелодии 2019 қарор доранду мехоҳанд соли сипаришудаистодаро бо натиҷаҳои назаррас ҷамъбаст намоянд, аъзои КШНГЗТ бо тамоми қувва зӯри беҳуда мезананд ва бо мақсади ташкили гирдиҳамоиҳои бемаънии худ таҳдид ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон менамоянд, ки парвандаи ҷиноятии бадхоҳони давлату миллатро таҷдиди назар намоянд ва онҳоро аз ҳабс озод намоянд. Онҳо аз тамоми кишварҳое, ки истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф кардаанду дар пешравии минбаъдаион дасти ёрӣ ба кишвари азизи мо дода истодаанд, даъват ба амал меоранд, ки минбаъд чунин кӯмакҳои башардӯстонаро қатъ намоянд. Бо ин ҳама бадбиниву бадхоҳӣ ва кудурати қалб нисбат ба Ватану миллати хеш аъзои КШНГЗТ худро “дилсӯзу ғамхор” ва “ватандӯст” меҳисобанд ва гумон доранд, ки аз онҳо дида оқилтару адолатпеша инсонҳои ватандӯсту халқпарвар вуҷуд надоранд. Онҳо инсонҳои ниқобпӯше ҳастанд, ки симову сиришти аслии хешро пинҳон дошта, барои амалӣ кардани ҳадафҳои ғаразнок, яъне ба даст дароварданифоидаҳои калон аз пуштибонҳои хориҷиашон зӯри беҳуда мезананд ва барои амалӣ гардонидани мақсадҳои нопоки худ ба ҳама пастиву разилиҳо омода ҳастанд...
Мо устодони факултети тоҷик эътирозҳои аъзои КШНГЗТ-ро маҳкум месозем. Чунки онҳо мехоҳанд бадхоҳони халқу Ватанро ҳимоя намоянд, ки замоне мехостанд барои амалӣ гардидани ҳадафҳои мунғаризонаашон ба решаи он табар зананд, халқро ба гумроҳӣ андозанд ва парокандагӣ ба вуҷуд оранд. Онҳо раҳгумзадагоне мебошанд, ки на дилсӯзу ғамхори халқу Ватан, балки шабеҳи магасоне мебошанд, ки фурсати қулайро барои хунхорӣ меҷӯянд. Шабу рӯз дар андешаи онанд, ки чӣ тавр ин фурсатро ба даст оранд, вале, ҳайҳот! Чунки дар урфият гуфтаанд, ки “бори каҷ ба манзил нарасад”. Мо низ дар ҳошияи ин таъбир гуфтанием:
Ҳар ки бо душмани халқ равон аст чу баҳр,
Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хӯрад.