Изҳороти Қўзибоева Ф.Ш. саромўзгори кафедраиумумидонишгоҳии забонҳои хориҷии факултети забонҳои хориҷӣ
Дар тамоми форматсияҳои аз сар гузаронидаи таърих дар ҳар давру замон норасогиву норозигӣ дар ҷамъият вуҷуд дошт ва ҳоло низ он норасогиҳоро “иҷрокунандагон” дар ҷамъият давом дода истодаанд. Бо баробари хондани ин сатрҳо албатта ҳар як солимфикри ҷамъияти муосир дар бораи падидаҳои ҷамъияти ҳозираэкстремизм ва терроризм фикр мекунад.
Чӣ тавре, ки мо худ аз дарсҳои таърих ва нақли бобоёну очаҳо ва бибиҳоамон шунидаем дар солҳои 20-уми қарни гузашта ҳаракатҳои босмачигарӣ дар Осиёи Миёна авҷ гирифта буд. Босмачигарон ва саркардагони онҳо озодии халқи меҳнаткашро чашми дидан надоштанд ва онҳо ҷаббандаи қувваи халқи коргару деҳқон буданд.
Ҳоло бошад ҷои он ҷамъияти осоиштаву оромро, яънеҷамъияти осоишта бадбинандагонро падидаҳои нав ва номатлуби ҷомеаи муосир яъне гурӯҳҳои экстремистиву террористӣ, ДИИШ ва дигар гурӯҳҳои радикалӣ гирифтааст. Ин гурӯҳҳои дар боло номбаргардида ба гурӯҳҳои босмачигарӣ монандӣ доранд. Ин гурӯҳҳо сабзида расида дар замони мо фаъолият бурда истодаанд. Фарқияти инҳо аз ҳамдигар танҳо бераҳмиву бешафқатии рушдёфта нисбати босмачиён ба ҳаёти орому осоиштаи на танҳо давлатамон Тоҷикистони соҳибистиқлол балки тамоми ҷаҳон мебошад.Гуфтан мумкин аст, ки босмачигарӣ рушду такмил ёфта, ба вабои қарни нав табдил ёфтааст.
Ҳамин тавр ба чунин хулоса омадан мумкин аст, ки босмачиёни қарни гузашта ва муосир танҳо сиёҳкунандагони дини мубини ислом мебошанд ва онҳо аз номи ин дини мазкур фаъолият намуда, ҷамъиятҳои орому осоиштаи ҷаҳони морохалалдор намуда истодаанд. Онҳо бо номи “Вабои қарни 21”сазовор гардида худ бехабаранд, ки ин ном барои онҳо таҳқир аст. Дар Тоҷикистон аксарияти онҳо гумроҳгардидагони ТЭТ ва ҲНИ мебошанд.
Босмачиёни муосир осоиштагиву сулҳи пойдори на танҳо тамоми давлатҳои дунёро ва дар қатори ин соҳибтамаддунӣ ва соҳибистиқлолии Тоҷикистонро зери роҳбаладии Президенти ҶТ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро чашми дидан надоранд.
Мо омӯзгорон, тарбиядиҳандаи насли наврасу ҷавон пеш аз ҳама худ дар бораи босмачиёни қарни гузашта ва баъд дар бораи босмачиёни қарни нав маълумоти саҳеҳу мухтасар дошта бошем ва ҷамъиятро аз онҳо раҳо созем ва тамоми халқро водор намоем ба ин кор ҳамдастӣ намоянд ва ҳамеша омода бошанд бар зиддиин падидаҳои номатлуби ҷомеаи муосир зиддият нишон диҳанд.