Изҳороти омӯзгорони факултети таърих ва ҳуқуқ
Чуноне, ки ба ҳамагон маълум аст, ки ҳамасола конфронси САҲА бо иштироки ниҳодҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон баргузор мегардад. 19-уми сентябр дар шаҳри Варшава конференсия оғоз ёфт, ки дар он 57 кишвари аъзои созмон ширкат варзиданд. Қайд кардан зарур аст, ки дар ин конференсиянамояндагони расмии ҳукуматҳои кишварҳои аъзои САҲА, ташкилоту ҳаракатҳои сиёсӣ ва амсоли инҳо мебошанд, ки мавқеи худашонро доир ба масъалаҳои баррасишаванда ҳифз мекунанд.
Дар ин конференсияи САҲА инчунин ТЭТ, ҲНИ, ПМТ, Гурӯҳи 24 иштирок намуданд. Рафти конференсия нишон дод, ки мақсади ПМТ, ТЭТ, ҲНИ, Гурӯҳи 24 мақсади ғаразнок аст. Аз расонаҳои хабарӣ ва аз шабакаҳои иҷтимоии ютуб наворҳо ва мақолаҳоро ба нашррасиданд, ки ин тоифа инсонҳои хоинақидаҳои беасос мекунанд. Халқи тоҷик солҳои 90-уми ҷанги шаҳрвандӣ, эҷоди фитнавӣ ва барангехтани кинаву адоват байни сокинони кишвар, тарғибу ташфиқи ақидаҳои зиддидавлатию зиддимиллӣ Кабириро ҳеҷ аз хотир намебарорад. Ин тоифа хоинаи ба ном ҳақиқатталоши беасос мекунад дар асл мансабталошанд. Иштироки ТЭТ, ҲНИ, ПМТ,Гурӯҳи 24 маънои онро надорад, ки онҳо соҳибқудрату тавоноянд, дар ин конференсия иштирок доранд. Инҳо зархариди хоҷагони хориҷии бо ниятҳои нопоки худ мехоҳанд, аъзоёни худро аз ҳисоби мардумони камсавод зиёд карда барои нооромкардани ҷамъият кӯшиш менамоянд. Маҳз бо талош ва кӯшишҳои наҷиби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сулҳу ваҳдат дар кишвари азизамон танинандоз гардидаасту имрӯз мо аҳли шаҳрвандони кишвар барои ҳифзи ин дастовардҳои истиқлолият зиракии сиёсии худро аз даст надода намегузорем, ки ин нохалафон ҷомеаро ноором созанд.