Изҳороти омўзгорони факултети биология ва химия

Намояндагони Ҳизби ифротгарои ТЭТ ҲНИТ аз гўшаву канори мамолики гуногун барои барҳам додани сулҳу субот дар Ҷумҳурии Тоҷикистон саъйу кўшиш менамоянд. Онҳо бо нашри ахбори гуногуни тафриқаангез тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ, ки бар зидди сиёсати пешгирифтаи ҳукумати ҷумҳурӣ мебошад, машғуланд. Аслан, ин кўшиши онҳо беҳуда буда, наметавонад ба пешравию рушди мамлакатамон монеъ шаванд. Намояндагони ин ташкилот бо нашри шарҳу ақидаҳои ифротӣ, баёнияҳои ғаразолуд, носазогӯиҳо мехоҳанд фазои иттилоотиро халалдор ва мардумро дар муқобили давлат ҳидоят мекунанд ва хушбахтона мардуми озодандеши мо аз аслу ҳадафҳои ин гурӯҳҳои иртиҷоӣ, ки барои расидан ба ҳадафҳои хеш аз номи дини мубини ислом истифода мебаранд, огоҳ ҳастанд. Пас аз шинохта шудани Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳамчун гурўҳи террористию экстремистӣ аз ҷониби Суди Олӣ ақида ва муносибати шаҳрвандони Тоҷикистон боз ҳам ҷиддї гардид. Иттиҳодияҳои сиёсию ҷамъиятӣ ва ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон муроҷиати раёсати олии Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистонро ба Созмони Милали Муттаҳид ва дигар созмонҳову давлатҳои кафили сулҳи тоҷикон беасосу ҳангомаҷўй номида, таъкид менамоянд,ки ҲНИТ ҳаргиз ҷониби сулҳ набуд, балки он танҳо яке аз ҳаракатҳои шомили Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсиюнии тоҷик буд ва ин хислаташро идома медиҳад. Дар кишварҳое, ки ҷавонони Тоҷикистон алалхусус давлатҳои мусулмонӣ таҳсил илм менамоянд, гурӯҳҳои террористӣ ва ифротгароҳо, аз ҷумла «Ҳаракати исломии Ӯзбекистон», «Ансоруллоҳ», «Содиқлар», ҲНИТ ва даҳҳо ташкилотҳои манфиатҷӯи сиёсӣ ба муҳасилини мадрасаҳо бо баҳонаи ниёзмандӣ ва муҳтоҷӣ, маблағу либосворӣ озуқаву таҷҳизот тақсим намуда бо ин васила ба худашон моил ва ҷалб намудани ҷавононро мақсаднок амалӣ менамоянд. Аз ин лиҳоз, огоҳ намудани ҷавонон аз зуҳури чунин падидаҳои номатлуб ва мубориза бурдан ба муқобили онҳо вазифаи ҳар фарди ватандўст мебошад. Бояд мо ҳама вақт ҳушёр бошем, то худамон ва дўстони хешро аз фиреби чунин ашхос эмин нигоҳ дорем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ