Изҳороти омӯзгори кафедраи барномарезӣ Сабуров Ихтиёр
Мутаассифона, баъзе гуруҳу гуруҳакҳои сиёсии бахсталаб ва ҳизбҳои қудратталаб ин вазъияти осоиштагӣ ва дастовардҳои сиёсии давлатро дидан намехоҳанд ва ба ҷои ҳамкорӣ ва дастгирии давлат дар корҳои хайр, ки худ хидмат ба миллат ва дин аст, бо ҳар баҳонае, алахусус аз буд зиёд ҳангома кардан дар атрофи як ду масъалае, ки ба назари онҳо маҳдудкунии озодӣ аст, ҷомеаро ноором кардан мехоҳанд. Албатта, мардум худаш қудрати чудо кардани некро аз бад, осоиштагиро аз нооромӣ, душманро аз дӯст дорад, аммо ҳадафи ин гуруҳҳо он қисмати камтаҷрибаи ҷомеа, асосан ҷавонон мебошанд.
Ҳадафи ин гуфтахо пеш аз ҳама ҳидояти ҳамин насли ҷавон ба роҳи рости зиндагӣ, ташхиси неку бад ва тарбият рӯҳияи Ватандустӣ, Худшиносӣ, Худсозӣ, Кишварободӣ ва Номуси ватандорӣ мебошад.Мо бояд қудрати ташхиси “Мабин кӣ мегӯяд, бубин ки чӣ мегӯяд” -ро дошта бошем. Имрӯзҳо душманони дохиливу хориҷии миллат барои ба банду қайди худ даровардани онҳо дар сари роҳашон қапќонњои зиёде чидаанд, ки хеле рангорангу фиребандаанд. Яке аз чунин қапқонҳо бо мақсади сӯиистифода кардан аз эҳсосоти динии ҷавонон бо сиёсат омехтани масоили динӣ - исломӣ, сиёсисозии ислом ва худро ҳомии ислом нишон додан ва таблиғи муборизаи сиёсӣ бо роҳҳои ифротгароию тундравӣ, таҳаммулнопазирию таассуби динӣ аст. Имрӯз ҳар як шаҳрванди ба ору номуси кишвар медонад, ки мо тоҷикистониён дар муттаҳидӣ як қувваи бузург буда, метавонем саҳми арзандаи худро дар пешрафту гул-гулшукуфоии давлату миллати азизамон гузошта бошем.