Изҳороти муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети санъат Манонова М.

Халқи тоҷик ҷиноятҳои содирнамудаи роҳбарият ва аъзои ташкилоти террористии ҳизби наҳзати исломиро ёд доранд. Тайи солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар гўшаю канори мамлакат оилае набуд, ки ягон пайванди хешро аз даст надода бошад. Саркардагон ва роҳбарони ҳизби дар Тоҷикистон мамнўи наҳзат, ки айни замон дар кишварҳои Аврупо паноҳ бурда, аз дур оташи фитнаву низоъро миёни ҷомеа ангехтан мехоҳаанд, ҳаргиз ба муроди хеш нахоҳанд расид:

Ҳар ки бо душмании халқ равон аст чу баҳр,

Зуд бошад, ки сари хеш чу гирдоб хўрад.

Замоне, ки наҳзатиён бо дасисаву кирдорҳои аҳриманонаи худ мардумро фиреб дода, ба доми худ мекашиданд, кайҳо сипарӣ шудаву имруз мардуми бедордили тоҷик дар паҳлуи Сарвари бохираду кордон - Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат сарҷамъ омада, ҳушёриву зиракии сиёсиро аз даст надода, баҳри татбиқи ормонҳо ва ҳадафҳои миллӣ кўшида истодаанд.

Дар замони муосир иттилоот нақши бузург дорад ва душманону хоинон аз он ба таври васеъ барои гумроҳ кардани мардум истифода менамоянд. Моро зарур аст аз таҳоҷуми иттилоотӣ худро эҳтиёт намоем ва нагузорем, ки ин васила барои нооромии ҷомеа истифода бурда шавад. Роҳбарон ва пайравони ташкилоти террористию эстремистии Ҳизби наҳзати исломӣ аз ҷумлаи ашхосе ҳастанд, ки бо пуштибонии хоҷагони хориҷиашон барои расидан ба ҳадафҳои нопоки хеш аз дурўғу ҳангомаҳои фитнаангез истифода менамоянд. Моро зарур аст, ки бар муқобили андеша, ният ва нақшаи харобкоронаи террористон, махсусан аъзои ташкилоти террористӣ дастаҷамъона муборизаи беамон бурда, иҷозат надиҳем, ки ин душманони миллат бори дигар боиси нооромию бесуботии кишварамон гарданд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ