Изҳороти мудири кафедраи умумидонишгоҳии забонҳои хориҷӣ
Яке аз нафароне, ки танҳо бӯйи бади он мардуми тоҷикро нороҳат мекунад ин Юнус ва фаъолияти туҳматбори ӯ ба шумор меравад. Юнус боз бо туҳмат аз як бӯҳтони Кабирии хоин иддаро бар он дорад, ки “дар сари минбари масҷидҳо одамони бесавод ва муттаҳам”-ро ҷамъ оварда бо ин роҳ исломро бадном карда истодаанд. Бояд қайд кард, ки дар сари минбари ҲНИ чунин домуллоҳои бесавод мислиМуҳиддин Кабирӣ фаъолият дошта, обрӯйи исломро дар Тоҷикситон онҳо резонида буданд. Аз ин ҷиҳат, барои қатъ намудани фаъолияти онҳо дар Тоҷикистони худи чунин нафарон гунаҳгор ҳастанд. Илова бар ин дар хориҷа ҳизбҳову равияҳои террористиро бо номи «Паймони миллии Тоҷикистон» ва «Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон» ташкил карда бар зидди мардуми тоҷик баромада буданд, ки он ҳам аз ҷониби давлат ҳамчун ниҳоди террористӣ манъ карда шуд. Мақсадҳои нопоку ғаразноки онҳо сабаб шуд, ки обрӯи онҳо дар ҷамъият резад.
Ҷамъияти Тоҷикистондонист, ки дараҷаи ғаразнокии он ташкилотҳо ба дараҷаи олии инсонбадбинӣ баробар буда, таҳдиди аз байн рафтани давлати Тоҷикистонро дораду халос. Ба ин қаноат накарда он ҳизбиёни беор Тоҷикистонро майдони ҳарбу зарби нохалафони қарни нав гардониданӣ буданд ва ҳоло низ мақсади онҳо барои иҷроиши амалҳояшон бекор нагардида, баръакс қувват дода шуда истодааст. Онҳо кӯчаиин мақсадҳои нопокашонро ҳоло низ кофта истодаанд. Мо халқи меҳанпарасти тоҷик кинаву адовати доштаи онҳоро нисбати ватанамон дарк намуда сари худи онҳоро кинаҳоашон хӯрад гӯем ҳам, хато намекунем. Аммо афсӯс онҳо аждарони филмҳои фантастикианд, ки сарашонро бурӣ низ боз сари нав мерӯяд.Онҳо ором нестанд бар сари Тоҷикистон як қатор тӯҳмату бӯҳтонҳои беисботро хонда истода ба ҷавоби он мунтазирӣ мекашанд ва баъди ҷавоби манфии таҳқиромез гирифтан дигар роҳу воситаи халалрасонӣ нисбати тинҷиву амонии мамлакати мо ба нақша мегиранд. Хайр халқи муосири Тоҷикистон ҳоло дарк намудааст, ки онҳо берӯёни одамрӯянду халос.
Барои аз байни ҷамъият беобрӯёна рафтани ҳизбҳои онҳо худи онҳо сабабгоранд, зеро бадномкунии кишвари мо вазифаи онҳо буд ва ҳоло низ дар айни авҷ мебошад, ки воқеотҳои солҳои охир инро исбот намуд ва намуда истодааст. Онҳо душманони миллатанд, худро ба нодонӣ андохта метавонанд, аммо тарғибгарони рақами аввали ғояҳои экстремистианд. Ба ин қаноат накарда барангезандагони кинаву адовати динианд. Онҳо ба мисли дар филмҳои бо даҳшатҳои замони муосир нисбати инсоният таҷҳизонида шуда на бо таври фантастикӣ, балки ҳақиқӣ амал менамоянд. Онҳо дар нақшаҳои худ аломатҳои формулавии барангехтани кинаву адовати миллӣ, маҳалгароӣ, даъвати оммавӣ барои бо роҳи зӯрооварӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ, даъвати оммавӣ барои ба амал баровардани фаъолияти экстремистӣ ва ноором кардани вазъи мамлакатамонро ҷой додаанд. Хусусияти иғвогарона доштани ин ҳизбҳоро аз мардуми қаторӣ то корӣ исбот карда метавонад, зеро халқ пеш аз коркунони органҳои дахлдор ва назорат медонад ва дарк мекунад, ки ашхоси номаълум ба кадом фаъолият овора аст.
Фаъолияти тахрибкоронаи душманони миллату давлати тоҷик бар зидди Тоҷикистон аз ҷониби хадамоти махсуси доираҳои хориҷӣ дастгирӣ шуда истодаанд, ки инро ҳар як фарди ҷомеаи мо медонанд. Фаъолияти сомонаҳои ин ташкилотҳо мувофиқи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тарғибҳои идеологияи террористӣ-экстремистӣ иборат аст. Паҳн намудани идеологияи таҳрибкорона ва низоъангези ин ташкилотҳо барои онҳо машғулияти бешуурона аст, ки сари сулҳу амониро мехӯрад. Дар қатори ин ҳадафҳои ба нишон нарасандаи онҳо нафратовар буда танҳо марги инсонияти рӯи заминро ифода мекунаду халос.
Онҳо орзуи гирифтани ваколатҳои ҳукуматӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкили созмону ташкилотҳои ғайриқонунии мусаллаҳ, амалӣ намудани фаъолияти террористӣ, дар ҷомеа барангехтани ихтилофи нажодӣ, миллӣ, динӣ, инчунин зиддиятҳои иҷтимоии марбут ба зӯроварӣ ё даъват ба зӯроварӣ, паст задани шаъну шарафи миллии тоҷикон, пойдории бетартибиҳои оммавӣ ва амалҳои ҷиноятӣ, дар асоси душмании ақидавӣ, сиёсӣ, нажодӣ, миллӣ ё динӣ ва дар асоси бадбинӣ ё душманӣ ба ягон гурӯҳи иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонро доранд. Онҳоро хонандаву шунавандагон ҷинояткорони ҷангҷӯй, сулҳшиканандагони ҷамъиятҳои ором, бедалелу беисбот сухан ронандагон меноманд. Онҳо ба андешаи худ ҳақ, вале ноҳаққони гузароанд. Хуллас номи сиёҳ ва иснодовари ташкилоти террористӣ - эстремистӣ (ТТЭ)–ро сазовор гардидаанд.