Изҳороти кормандони шуъбаи магистратура
Роҳбари ТЭТ ҲНИ дар мавриди ҳиҷоб ошкоро сухан гуфта, дар мавриди тезонидани шаҳрвандон ба рағми Ҳукумат чунин гуфтааст: «Аз шаҳрвандон хоҳиш мешавад, ки барои дифоъ аз ҳуқуқу озодиҳои худ ба идораву созмонҳои дахлдор шикоят баранд». Муҳаммадиқболи Садриддин дар муроҷиати хеш таҳти унвони «Ҳиҷоб миллӣ ва ғайримиллӣ нест, набуд ва намешавад!!!» пурра ба амри маъруф гузаштааст. Бо гуфтани «Зан аз шавҳари хеш дар амре ки маъсият ва нофармонии Худованд набошад, итоат намояд ...аз ҳар даре, ки хоҳад ба биҳишт ворид мешавад». «Агар ту аз ҳамин ҳоло ҳиҷоби исломиро ба бар кунӣ, мутмаин бош, ки Худованд гузаштаи туро авф мекунад» афкори асримиёнагии хешро бар сари занҳои тоҷик таҳмил карданӣ аст. Дар шабакаҳои иҷтимоӣ чунин маводҳо бисёр ба назар мерасанд. Бинобар ин хонандагони мо бояд мушоҳидакор, дурандеш, хирадманду зирак бошанд. То ба доми бозиҳои сиёсии хоинон кашида нашаванд. Мо бояд дуруст дарк намоем, ки барои ТЭТ ҲНИ ва ПМТ ҳимояи ҳуқуқи занҳо тамоман муҳим нест. Мақсад дар арафаи интихоботҳои навбатӣ ташкили иғво, шӯру ошӯбаҳо, бедор кардани нафрату бадбинии мардум нисбат ба ҳокимон аст, то ин ки ба ҳокимият дастёб гарданд. Чунин матлаб низ дар барномаи «Кимиёи саодат» дар мавзӯи «ПМТ чӣ мехоҳад?» аз забони худи онҳо ошкоро баён карда шудааст.