Изҳороти кафедраи умумидонишгоҳии информатика Набиева М.

Суруди Миллӣ дар ибтидо эҳсосу ниёишҳо, ормонҳои халқ бо арзи сипосу ихлоси самимона, бо ҳисси волои ватанпарварӣ ва ватандўстии «Диёри арҷманди мо…» зуҳур намуда, башорати нишонаи ниёгони бузургвор доштан, ҷаҳони ҷовидона будан, азалӣ ва абадӣ будан, арзишу манзалати давлатдорӣ дар иқрори муҳаббати устувори садоқатмандона дар мавриди «Ту модарӣ, ягонаӣ…» сабту собит гардида, ин ҳама омезишу тобиши ҳастибахши дарку идроки баланди ватандориро танинандоз менамояд. Мутантану ифтихормандона бо садову савти зиндагисозу зиндагибахш ва ҳидоятгару иноятбахшона садо медиҳад.

Ман ҳам, мисли ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ, чун як фарзанди дўстдору дилбанди ин Ватани маҳбубу озод Суруди Миллии давлати безаволамро дўст медорам ва бо ифтихор онро сарфарозу сарбаланд бо забони шевотарину ширинтарини дунё – тоҷикона бо шавқу завқи нотакрори ватандорӣ месароям.

Вазну оҳанги Суруди Миллии мо хоса аст. Он вазну тамкини кўҳсорони сарбаланд, водиҳои зархез, таронаҳои дилошўби рўдҳои пурталотуми кўҳӣ, суботу матонати мардуми тоҷикро дорост. Агар ба вазни арўз онро ёрбандӣ намоем, пас равшан мешавад, ки он дар баҳри ҳазаҷи мусаммани мақбузи музол, дар каму зиёдшавии зиҳофоти ин баҳр (рукнаш: мафоилун: У-У-) навишта шуда, салобати махсуси маониро ба матн бахшида, бузургии онро муҷассамтар ва рўшантар месозад:

Барои нангу номи мо
Ту аз умеди рафтагони мо нишонаӣ,
Ту баҳри ворисон ҷаҳони ҷовидонаӣ,
Хазон намерасад ба навбаҳори ту,
Ки мазраи вафо бувад канори ту, канори ту.
Зинда бош, эй Ватан, Тоҷикистони озоди ман!


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ