Изҳороти кафедраи сиёсатшиносии донишгоҳ
Яке аз самтҳои муҳими сиёсати пешгирифтаи Сарвари давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ин пеш аз ҳама амнияти миллӣ, рушду суботи мамлакат ва эътироф кардани ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, арҷгузорӣ ба мероси ниёгон мебошад, ки инро дар ҳар як баромади худ Сарвари давлат қайд мекунанд.
Гуфтан ҷоиз аст, ки имрӯз новобаста аз фикру ақидаҳои танқидии баъзе аз ашхосе, ки дар хориҷа умр ба сар мебаранд, Тоҷикистонро дар арсаи байналхалқӣҳамчун кишвари рӯ ба мутараққӣ, ҷонибдори бунёди давлати воқеан демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ташаббускор мешиносанд. Воқеан давлат ба масъалаи эътиқоди шаҳрванд ба ин ё он дин халалдор намешавад, баръакс барои инкишофи маънавии инсон мусоидат намуда истодааст.
Бояд қайд кард, ки дар тўли таърихи дурударози халқи тоҷик бисёр халқиятҳое буданд, ки мехостандсиёсат, фарҳанг, мазҳаби худро дар Мовароуннаҳру Хуросон ҷорӣ намоянд, вале халқи сарбаланди халқи тоҷик тавонист дар муддати ин солҳо анъанаҳои миллии худро комилан нигоҳ дорад.
Дар давраи забткориҳои Искандари Мақдунӣ, Хилофати арабҳо, забткориҳои муѓулҳо, инчунин дар давраи забти Осиёи Миёна аз тарафи Россияи подшоҳӣ низ баъзе анъанаҳо, расму оинҳои онҳоро қабул карда шуданд ва дар давраи Шўравӣ низ бисёр дигаргуниҳо дар ҳаёти маънавии халқҳое, ки дар ҳайати собиқ Иттиҳоди Шўравӣ буданд, дида шуд.
Аммо баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон дар масъалаи эҳёи арзишҳои маданӣ таваҷҷўҳи хоса зоҳир карда, онҳоро дар амал татбиқ карда истодааст, ки масъалаи сару либоси тавсиявӣниз аке аз масъалаҳои асосӣ ба шумор меравад ва бояд гуфт, ки дар давлати соҳибистиқлол зиста шукронаи сулҳу ваҳдат кунем ва ба қадри ин сарвати бебаҳо бирасем ва онро ҳамчун гавҳараки чашм нигоҳ дорем.