Шахси беватан – булбули бечаман

Баъди тамошои изҳороти яке аз пайравони собиқ раиси Ҳизби наҳзати исломи Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ ҷавоне бо исми Шарофиддин Гадоевро тариқи шабакаи иҷтимоӣ ба хулосае меоиву ба сухандонии мардуми тоҷик қоил мешавӣ, зеро дар хазинаи маънавии тоҷик зарбулмасалу мақолҳое маҳфузанд, ки ифодагару ифшогари бисёр падидаҳои замони муосиранд. Мисол «худкардаро даво нест, вовайлои пинҳонӣ», «аз хурдон хатову аз бузургон ато», «шахси беватан – булбули бечаман», «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон ғам нахўр» ва ғайраву ва ҳоказо.

Бозгашти як нафар ҷавон он қадар воқеаи бузург набошад ҳам, вале дарки хатогӣ аз ҷониби ян нафар ин аллакай муваффақияти доираи васеи мардум аст. Бигзор бо таҳлука бошад, бигзор бо саросемагӣ бошад, бигзор зери фишор бошад, бигзор бесаводонаву бо лакнат бошад, вале ин ҷавон аз хатогии худ ба таври оммавӣ узр мепурсад ва аз дигарон хоҳиш ба амал оварда истодааст, ки баргашта ватани худро обод созанд, барои ояндаи фарзандони худ хонаву дари обод бино намоянд, фарзандонашон забони ноби тоҷикиро омўзанду аз адабиёту фарҳанги миллати хуб баҳравар гарданд.

Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид месозанд, ки ояндаи Тоҷикистон аз кўшишу ғайрат, илму дониш, маҳорату малакаи кордониву забонӣ ва сатҳи тахассусии ҷавонон вобастагии калон дорад. Ибораи хеле боэътимоди ин марди сарнавиштсоз «Факат мард метавонад, гуноҳи дигареро бахшад» борҳо исботи худро ёфта, дақиқиву амиқиаш боиси дар ҳайрат монондани бисёр «доноён» гаштааст.

Мо итминони комил дорем, ки холо бисёр «наҳзатиён» хоҳиши бозгаштан доранд, шабҳо дар ҳаёли Ватан хоб надоранд, вале ҷуръати бозгаштан надоранд (шояд баъди муддате ҷуръат пайдо мекунанд). Такроран бошад ҳам «Юсуфи гумгашта боз ояд ба Канъон, ғам нахўр» гуфтаанд….

Изҳороти ҷомеаи устодони факултети педагогӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ