Изҳороти ҷомеаи кафедраи ҳуқуқшиносии факултети таърих ва ҳуқуқ

Дар ҳақиқат имрӯз занони Тоҷикистон хеле зиёд ҳуқуқҳоро доро буда, тавассути қонунгузории миллӣ баробарҳуқуқии мардону занон кафолат дода мешавад. Дар Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани мавқеи занон чораҳои мусоид сари вақт андешида шуда истодааст. Аз он ҷумла маданияти либоспӯшии занон бо мақсади нигоҳ доштани анъанаҳои миллӣ дар мадди назари мақомотҳои давлатӣ мебошад. Дар солҳои охир дохилшавии ҳар гуна либосҳои давлатҳои хориҷӣ бамамлакати мо бисёр ба назар расида истодааст. Ин ҳолат бошад дар байни ҷомеа сабаби аз байн рафтан ва коҳиш ёфтани маданияти миллӣ шуда истодааст. Зеро занони тоҷик либоси миллии худро доранд. Тибқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии мақомотҳои давлатӣ омадани занон ба идораҳои давлатӣ бо либосҳои бегона аз ҷумла, сатру аврат, паранҷӣ ва рӯпӯшак бо мақсади ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои корхонаву ташкилот манъ карда шудааст. Бояд тазаккур дод, ки назорати либоси занони мамлакат ва манъ шудани либосҳои бегона ба мақсад мувофиқ мебошад. Аз давраҳои қадим маълум аст, ки тоҷикон маданияти миллии худро дошта то имрӯзҳо нигоҳдорандаи ҳамин маданияту фарҳанг мебошанд. Дар маданияти миллии мо ба зуҳуроти бегона ҷой набояд дод, нафароне, ки либоси ба мо бегонаро аз бар менамоянд ё зоҳирпарастӣ мекунанд, шавҳарашон маҷбур мекунад ва ё ҳурофотпараст ҳастанд.

Аксарияти занони Тоҷикистон либосҳои манъшударо намепӯшанд ва мо боварӣ дорем, ки тамоми мардуми кишвар, аз ҷумла занони ба ору номуси тоҷик бо мақсади нигоҳ доштани арзишҳои миллиамон иқдомҳои давлату ҳукуматро пайгирӣ намуда, аз истифодаи либосҳои бегона худдорӣ менамоянд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ