Изҳороти ҷавобӣ ба конференсияи ОБСЕ дар Варшава
Истиқлолият барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошоҳои фидокоронаи расидан ба истиклолияти сиёсӣ, иктисодӣ ва фарҳангиро омўзонда, меъёрҳои ҷомеаи шаҳрвандиро таҳким бахшид ва дар як вакт ҳаёти озодонаи ҳар фард ва олитарин дараҷаи бахту саодати воқеии миллатро таъмин намуд.
Истиқлолият нишони барҷастаи пойдории давлат, бақои миллат, рамзи асолату ҳуввият, мазҳари ормонҳои таърихӣ, шиносномаи байналмилалӣ, шарафу эътибор ва ба ҷаҳони мутамаддин пайвастани кишвари соҳибистиқлоли мо мебошад ва инчунин рамзи олии ватану ватандорӣ буда, миллати тоҷикро бузургтарин неъмати давлатсозию давлатдории мустақил, кору пайкорҳои пайгиронаи созандагӣ, азму талошҳои фидокоронаи расидан ба истиқлолияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангиро омӯзонд.
Дастоварди бузургтарини миллати тоҷик дар тӯли 28 соли истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва ваҳдати пойдории миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ дар миёни тамоми табақаҳои ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз бо шарофати сиёсати Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ–Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хиради азалии мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид.
Истиқлолият ҳамчун неъмати муқаддас ва муҳити озоди соҳибихтиёрӣ дар соҳаи ҳуқуқ ва қонуният низ ҳаёти ҷамъиятиро дигаргунӣ бахшид, ки ин ҳама дастоварду музаффариятҳо арзиши ҳуқуқии истиқлолро аён месозад. Аз ин рӯ ҳар як шаҳрванде, ки ҳисси ватандустӣ дорад, дар қаламрави ватани худ ва ё берун аз он зиндагӣ мекунад, вазифадор аст, ки барои пойдории Истиқлолият, тамоми ҳастии худро дареғ надорад.
Бе истиқлолияти комил, бе доштани давлати озод орзу ва омоли таърихии миллат ва ҳадафу барномаҳои насли имрӯзу фардои он маънои худро аз даст медиҳад. Ба ин хотир аз сокинони ҷумҳурӣ, махсусан ҷавонон хоҳиш манамоем, ки сабақҳои Истиқлолиятро ҳаматарафа омӯзанд, аз сиёсати имрӯза огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву ҳозираи халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд ва аз Ватан, миллат, забон ва фарҳанги худ ифтихор намоянду аз душманону бадхоҳони дохилию хориҷӣ ҳифз намоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми хеш ба Маҷлиси Олӣ қайд намуданд, ки: «Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст».
Имрӯзҳо ҷомеаи орому осоиштаи моро гоҳо ду ҳодисаи номатлуб халалдор месозанд: яке–ба амалҳои беҳудаю зараровар (аз қабили қиморбозӣ ва нашъамандӣ) одат кардан, дигаре ба ҳар гуна гурӯҳҳои террористиву ифротгаро пайвастани баъзе ҷавонони ноогоҳу кӯтоҳандеш. Ин зуҳуроти нохуш, ки оқибати онҳо танҳо пушаймониву бадномист, ба фикри мо, чандин сабаб дорад. Сабаби аввал бекорӣ, аз кору заҳмат гурехтан ва ҷустани роҳи осону беранҷи зиндагист. Онҳое, ки роҳи сабуку безаҳмати ҳаётро меҷӯянд, аввалтар аз ҳама, ба номи шарифу мубораку инсон иснод меоваранд ва баъдан, дар ҷомеа бетартибию беинтизомӣ ва бесарусомонӣ эҷод мекунанд.
Барои дарки дурусти моҳияти ин мавзӯи мубрами рӯз дар ҷомеа аз тарафи олимон ва муҳаққиқони ватанию хориҷӣ талоши ҷиддие анҷом дода шуданд, ки ҳар яке ба паҳлӯҳои гуногуни ин масъала рӯшанӣ андохта, роҳу василаҳои баромадан аз ин мушкилоти воқеан глобалиро пешниҳод намудаанд. Яъне, барои ҳалли мушкилоти худ «инсонҳо» ҳатто ба даҳшатноктарин рафтор даст зада, бо куштор ва нест намудани ҳарифон қаноатманд нашуда, дар дили инсонҳо тарсу ҳарос ва ноумедиро ҷо намуда, ҳадафҳои худро бо ҳар роҳу васила амалӣ менамуданд. Бо мурури замон муносибат, шакли мубориза ва омилҳои таъсиррасонии ин раванд дар ҷомеа дигаргун шуда, давра ба давра вобаста ба тараққиёти инсоният шаклу шамоилҳои этникӣ, миллӣ, динӣ ва минтақавиро ба худ касб менамояд.
Аз таҳлилҳо бармеояд, ки ифротгароӣ- экстремизм, фундаментализм – бунёдгароӣ ва тундгароӣ – радикализм мафҳумҳое ҳастанд, ки дар сиёсат ва ҷомеа дар якҷоягӣ мушкилоти гуногуни иҷтимоию сиёсӣ, иқтисодиву фарҳангиро ба вуҷуд оварда, дар охир боиси сар задании низоъҳои бардавом, куштори сокинони бегуноҳ, валангор намудани кишварҳо ва дар таҳлука нигоҳ доштани инсонҳо мегарданд.
Табдил гардидани мӯҳити динӣ ва омилҳои мусоидаткунанда ба тундгаро шудани он аслан аз мухолифатҳои назариявии дохилимазҳабӣ, ба қисматҳо ҷудошавии он дар асоси ҳузури исломи ғайрианъанавии сиёсӣ, инчунин, нокифоя будани донишҳои динии шаҳрвандон ва маҳдуд намудани ҳуқуқу озодиҳои динии шаҳрвандон мебошад. Кишварҳои дунёро зарур аст, дар мубориза бо терроризм ва экстремизм муттаҳид шуда, бо фароҳам овардани фазои солим боварӣ, эҳтиром ба манфиатҳои умумибашарӣ дар пешорӯи хатари даҳшатбор чун кӯҳ по бар ҷо истодагарӣ намуда, ҷиҳати аз байн бурдани ин зуҳурот фаъолият намоянд.
Бойматов А. дотсенти кафедраи методикаи таълими забонҳои хориҷӣ