Изҳороти факултети физикаю техника

Чи хеле, ки ба ҳама маълум аст, муносибатҳои байналмилалӣ, ки дар солҳои охир хеле зиддиятнок ва муқовиматомез гардидаанд, хосияти бераҳмонаро ба худ гирифтааст. Ҷараёнҳо ва нерӯҳои сиёсӣ беш аз беш сифатҳои иртиҷоию ифротии хешро ошкор месозанд. Дар ин қатор ҷараёни экстремизми сиёсӣ яке аз масъалаи муҳимест, ки тамоми кишварҳои дунё ва дар қатори онҳо мамлакати моро ҳам ба ташвиш овардааст. Имрӯзҳо терроризм ва экстремизм бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёни иртиҷоӣ айён гашта, доираи васеи кишварҳо ва минтақаҳои оламро фаро гирифта, ба ҳодисаҳои мудҳиши умумибашарӣ табдил ёфтааст ва аз ин рӯ зарурати дарки амиқи онро бояд омӯхт.

Гурӯҳҳои ифротгаро метавонанд, ки бо ақидаҳои фанатикии худ занону духтарон ва ҷавононе, ки имрӯзҳо аз фарҳанги миллӣ, ҳисси хештаншиносӣ ва афкори дурусти ислом ба пурраги огоҳӣ надоранд, ба сӯи худ ҷалб намоянд.

Аз ин рӯ паҳншавии ҳар гуна маводҳо, аз ҷониби шахсоне, ки дар Тоҷикистон сукунат надоранд ва ё сокинони мамолики бегона ҳастанд ба xуз аз гумроҳ кардани мардуми тоxик ва ба доми xанг кашидани як мамлакати осоишта дар ниҳоди худ дигар ягон ҳадафе надорад. Ба сиёсати давлати соҳибихтиёру ҳуқуқбудёд далолат кардани шахсони алоҳида ва бе ҳеx далели қатъи бадномкунии шаҳрвандони он амали носасову нобахшанда буда кирдори ношоистаро мемонад. Аз ин рӯ мо сокинони ҷумҳури шукри истиқлоли ватану давлатро намудан, шукри суботу оромӣ кардан ва ба ваҳдати ҷомеа талош доштану бегонапарастӣ накардан, яке аз вазифаҳои муҳимтарини мо ба ҳисоб меравад. Дигар намонем, ки дар ватани азизамон ҷангу ҷидол, нооромӣ ва нотинҷиву хавфу хатар ҳукмрон гардад.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ