Изҳороти дотсенти кафедраи таърихи Ватан ва археология Эркаев С.

Босмачиён дар таърихи мардуми Осиёи Миёна дар солҳои аввали ҳокимияти шӯравӣ корҳое ба амал оварданд,ки онро гоҳ дар таърихи халµи тоҷик сафед кардан мумкин не. Босмачиён бо ёрииспонсорҳои хориҷии худ аввалинҳо шуда бар зидди ҳокимияти халқи, ҳокимияти шӯравӣ мубориза бурда, дар солҳои 1918-1930 бо одамкуши машғул буданд. Аксари босмачиён дастаи ғоратгарони худро ташкил карда, бораҳзанӣ, дуздӣ машғул буданд. Фаъолияти босмачиён аз бисёр ҷиҳат ба фаъолияти наҳзатиён,ташкилоти терриристӣ-экстремистӣ ҲНИ монанд буда, босмачиён тоҷирони кӯҳнишинро ғорат мекарданд, духтарону чорвои мардумро ба яғмо мебурданд.

Босмачиён корҳое ба анҷом расониданд, ки ҳамаи он дар зери пардаи дини мубини ислом буда, ба ҳаромкорию вайрокори машғул будаанд. Имрӯз гурӯҳҳои ба хориҷи кишвар гурехтаи ташкилоти терриристӣ-экстремистӣ ҲНИ. Аз норавшании Осиёи Миёна дар солҳои авали ҳокимияти шӯравӣ кор гирифта,босмачиёнро муборизони нокомиозодиимиллати тоҷик менамоёнанд ва ба ин маµсад сиёҳкориҳояшонро дар назди хоҷаҳои хориҷиёнашон давомиозодихоҳӣ нишон диҳанд.

Роҳбарони наҳзатиён сабаби заволи босмачиёнро маҳрум буданашон аз дастгири мардум ҳисобида, мардуми созандаю бунёдкори халµи тоҷикро из ин фаъолияти пуршараф даст кашидан даъват менамоянд. Дар миёни дастаҳои босмачиён бо роҳбарони худ Иброҳимбек, Фузайл Махсум, Кӯри Шермат, Мадаминбек ва ғайраҳо бо раҳзанию ғоратгарӣ машғул буданд.

Босмачиён худашонро муҷоҳид номида, ҳама фаъолияташонро ба дини мубини ислом мепайвастанд ва бо ин унвонгузорӣ, ҳамонанди террористони замони муосир -давлати исломӣ, наҳзати ислом. ҷиҳоти исломӣ хешро ҳомӣ ва густаришдиҳандани дини ислом намоён мекарданд. Дар фаъолият ва ҳаракати онҳои ғояи миллӣ ҷой дошта наметавонист, зеро миллат вуҷуд надошт ва бо номи миллати исломраванди омӯхташавии чандсадсолаи тоҷиконро суръат мебахшиданд. Дар ҳаракати босмачиён хоҷаҳои хориҷӣ генералҳои Туркия- Анварпошшо. Салимпошшо ва дигарон ёрии амалї мерасониданд, ки имрӯз ба ташкилоти терриристӣ-экстремистӣ ҲНИ дар мисоли баъзе ташкилотҳои байналмилалию Эрон пуштибони намуда, вазъияти Тоҷикистонро ноором кардани хастанд, аммо онҳо ҳато карда истодааст.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ