Изҳороти дотсенти кафедраи химияи умумӣ ва методикаи таълими он Ҷулиева Г. ва сармуаллима Охунова У.Р.
Ба маълумоти шумо мерасонем, ки вожаи иқтибосии ферма танҳо хоси ҳайвонот буда, инсонҳо, хоса мардуми равшанфикру соҳибқаламро дар ферма ҷамъоварӣ наменамоянд. Агар шумо назар ба қавли худатон як шахси озодихоҳ ва бетараф мебудед, аввало ҳамватанони хешро, ки шояд рӯзе яке аз онҳо пояи тобутатонро дошта, то хонаи охирататон хоҳанд бурд, ба бошандагони ферма шабоҳат намедодед. Аслан гилагузории ман хандаовар аст, зеро шумо на ин ки дигарон аввало худатонро ҳайвон эълон намудаву бошандаи ферма зикр намудаеду таъкид кардаед, ки дар фермаи ҷавоб дар шаҳри Душанбе семоҳ кор кардаед. Зеро бузургон фармудаанд; “Худро бишинос, то Худои худро бишиносӣ!”. Агар фермаи ҷавобро асосан кормандони Кумиҷроияҳои ҳизби халқии демократӣ дар шаҳру ноҳияҳо ташкил медоданду мардуми бесавод ибрози андеша менамуданд, бо ин қадар нафрат шумо ва шумо баринҳоро зери тозиёнаи танқид намегирифтанд. Агар шумо заррае ҳисси одамият медоштед, ё худ забони модариатонро эҳтиром менамудед, ба ёди посдоштани хоку марзи падару бобоёнатон ин сарзамин ва мардумони заҳматқаринашро сангборон намекардед.
Мо мардуми равшанфикр бо шумо ва ҳаммаслакони шумо баҳсу мунозира намуданро барои хеш раво намебинем, зеро намехоҳем, ки мо низ ба монанди шумоён разилу гунаҳкор бошем. Ҳаминро аз хотир набароред, ки то охири умр ҷавоби нияту амалҳоятон бармегардад. Аз он метарсам, ки ба гуноҳи шумо барин падарон рӯзе фарзандони бегуноҳатон ҷавоб хоҳанд дод, зеро ҷангҷӯёну фитнагарон дар ягон давру замон хушбахт нагардидаанду хуштолеъ нахоҳанд шуд!