Изҳороти устодони кафедраи баҳисобгирии муҳосибӣ ва аудити донишгоҳ

Тоҷикистон чун давлати демокративу ҳуқуқбунёд имрўзҳо дар арсаи байналмиллалӣ мақом ва манзалати хоса дорад. Баҳри таҳкимёбии ҳокимияти конститутсионӣ, амалӣ намудани ғояҳои демократӣ чун меҳвари асосӣ ҳисобида мешавад. Дар Тоҷикистон озодии виҷдон, озодии шаффофияти он пурра дар зери назорати давлат қарор дорад.

Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба шарофати сулҳу ваҳдат ба муваффақиятҳои нав ба нав расида истодааст, лекин мутаасифона гурўҳҳое ёфт мешаванд, ки ин пешравиҳоро нодида гирифта аз берун истода мардуми шарифи тоҷикро мехоҳанд ба идеалогияи тундгароёнаву ифротӣ гаравонида ба муқобили миллати худ ҷанг меандозанд. Маврид ба қайд аст, ки солҳои 90-уми асри гузашта мардуми тоҷик рўзҳои нангин ва фоҷиаҳои ҷанги шаҳрвандиро аз сар гузаронид. Дар натиҷаи ин ҷанги бемаънии бародаркуш зиёда 150000 ҳазор нафар шаҳрвандониТоҷикистонҷони худро аз даст додаанд. Мардуми зиёди қисмати ҷануби Тоҷикистон ба Афғонистони ҷангзада аз тарси ҷон ва номуси зану фарзандҳояшон фирор карданд.

Хушбахтона бо ташаббуси Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои милллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гурезаҳо ба Ватан баргардонида шуда, дар Тоҷикистон сулҳу субот ва оромӣ танинандоз гашт. Душманони миллати озодихоҳи тоҷик хабар надоранд, ки ҳоло вазъияти сиёсии Тоҷикистон ҳамчун солҳои 90-уми асри гузашта набуда, балкисокинони кишвар атрофи сарвари арзандаи худ Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои милллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷамъ омада, ҳаёти оромонаю осудаҳолона мебаранд, ки гарави баланд шудани некўаҳволии халқи азиякашидаи тоҷик шуда истодааст. Имрўзҳо кишвари мо ба марҳилаи созандагию бунёдкорӣ далерона қадам ниҳодааст. Тоҷикистони бузург имрўз дарахти пурсамареро мемонад, ки меваҳои рангинаш мардуми бонангашродар ҷаҳон машҳур гардонидааст.

Имрўз ҳар як аъзои ҷамъияти кишвар бояд дар назар дошта бошад, ки душманони миллат аз ниятҳои ғаразноки худ ҳоло даст накашидаанд ва кўшиш доранд, ки ба ҳар роҳ байни мардум иғво андозанд. Аз ҳамин сабаб ҳар як шаҳрванди ҷумҳурӣ дар сатҳи сиёсӣ ҳушёриро аз даст надода, бояд нагузорад, ки минбаъд ягон шахс фирефтаи доми душманони миллат дар дохил ва беруни кишвар нагардад. Дар замони муосир, тарбияи насли ояндасоз аз мо омӯзгорон ва тарбиятгарон боз ҳам масъулияти ҷиддиро тақозо менамояд. Мо бояд ба ҳар як донишҷӯ дар самти тарбия бо алоҳидагӣ корбарӣ намуда, онҳоро дар руҳияи хештаншиносӣ, ватандӯстӣ ва пос доштани дастовардҳои Истиқлолияти миллиро ҳифз намудан тарбият намоем.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ