Изҳороти мудири кафедраи таърихи умумӣ, профессор Мамадалиев И.А. ба ақидаи М. Кабирӣ оид ба ҳаракати босмачигарӣ

Баъд аз роҳбари ТТЭ ҲНИ Муҳиддин Кабирӣ худ ва ҳаммаслакони худро босмачӣ эълон карда, ба фаъолияти босмачиён баҳои мусбӣ додан дар сомонаҳои интернетӣ оид ба ин масъала фикрҳои гуногун баён гардида истодаанд. Оё чунин мавқеи Муҳиддин Кабирӣ ба ҳақиқати таърихӣ мувофиқ аст?

Ҳаракати босмачигарӣ, ки ибтидои асри XX Осиёи Миёна, аз ҷумла Бухорои Шарқӣ (имрӯза Тоҷикистони ҷанубӣ ва марказӣ)-ро фаро гирифта буд, ба мардуми осоишта зарари хеле азим овард. Ғайр аз ин ҳаракати босмачигарӣ садди асосии рушди иқтисодии минтақа гардида буд. Шоҳиди воқеаҳои таърихӣ устод С.Айнӣ қайд намудааст, ки босмачиён аввалин маротиба дар Фарғона пайдо шуданд ва эшон фирқаи роҳзанон, дуздон ва ғоратгарон маҳсуб мешуданд, ки аксаран дар соатҳои намозгузории мардум молу ҳол ва дигар сарвати онҳоро ба ғорат мебурданд.

Муттаассифона қисме аз аҳолии фирефташуда дар ибтидо ҳатто ҳаракати босмачигариро дастгири намуда буданд, лекин баъд аз ошкор гардидани характери ғоратгарона доштани босмачигарон мардум аз онҳо рӯ тофта ба Артиши Сурх барои саркӯб намудани босмачиён кӯмаки ҳаматарафа расонид. Яке аз сабабҳои шикастхӯрии ҳаракати босмачигарӣ, ки бо кӯмаки хориҷиён, пеш аз ҳама англисҳо солҳои 1918-1924 идома дошт, ин ба тарафи Артиши Сурх гузаштани мардуми азияткашидаи Бухорои Шарқӣ гардид. Ҳатто соли 1931 Иброҳимбек бори дигар, баъд аз гирифтани яроқу аслиҳа ва дигар намуди кӯмак аз хориҷиён, аз ҳудуди Афғонистон ба Бадахшон ҳуҷум намуда, дар натиҷа ба ҳалокат мерасад.

Ҳаракати босмачигарӣ пурра ба манфиати хориҷиён буд. Босмачиён инчунин ифодагари манфиатҳои миллатгароёни Туркия ё худ пантуркистон низ буданд. Унвонҳои низомии эшон низ туркӣ буданд. Иброҳимбек - тӯйчибошӣ ва лашкарбошӣ, Абдураҳмонпарвоначӣ - лашкарбошии ғозӣ, Анварпошо - улуғ турк генералӣ, Сомипошо - бошқумондон, дигар босмачиён - қӯрбошӣ, элликбошӣ, юзбошӣ, мингбошӣ, хулоса ҳамаи истилоҳоти босмачиён туркӣ - ӯзбекианд. Аҷнабиёне, ки бо тоҷикон ҳеҷ робита надоштанд ва аз Туркия омадаанд - Анварпошо ва ҳамдиёрони ӯ Қаро Козимпошо, Салимпошо, Юсуф Зиё, Сурайё Афандӣ ва дигарон, танҳо манфиатҳои пантуркистиро ифода менамуданд. Ин шахсиятҳо аз Ватани худ бадарға гардида, мехостанд дар Ватани мо ба воситаи ғоратгарии аҳолии осоишта умр ба сар баранд.

Ҷанге, ки дар Тоҷикистон босмачиёни навбаромад сар карданд, беш аз 120 ҳазор одамро ба коми худ кашида, боиси мусофирати иҷбории зиёда аз як миллион нафар ба Афғонистон гардид. Зарари моддию молиявии он ба ҳашт миллиард доллари амрикоӣ баробар шуда, 35000 манзили меҳнаткашон бо молу амволашон нобуд гашт. Чи хеле ки ҳаракати босмачигарии ибтидои асри XX ба хоҷагии халқ ва вазъи иқтисодиву иҷтимоии минтақа зарари шадид расонида буд, ҳамин хел ҷанги шаҳрвандии солҳои 1992-1997 ба кишвари мо зарари шадид расонид. Ҳамаи инро дониста боз босмачиёнро ҳамчун ватанпарвар муаррифӣ намуданро аблаҳи меҳисобам.

Ман фикри М.Кабириро, оиди баҳои мусбӣ додан ба фаъолияти босмачиён, ки хилофи ҳақиқати таърихист, маҳкум менамоям. Тараққиёти ҳар як кишвар аз аҳолии бо нангу номуси он вобаста мебошад. Ҳеҷ гоҳ шахси аҷнабӣ, ки бо силоҳ ба Ватани мо ворид шудааст, ё ин ки шахсе, ки бо кӯмаки хориҷиён соҳиби ҳокимият шуданиаст манфиатҳои Ватани моро ҳифз нахоҳад кард.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ