Изҳороти аъзоёни кафедраи забони тоҷикӣ
Дар ҳақиқат, имрўзҳо мушоҳида мегардад, ки баъзе афрод бо номи дини ислом мехоҳанд амалҳои зишти худро дар ҷомеаи ором амалї намоянд, ки ин яке аз амалҳои бади инсонї мебошад.
Баъзе аз намакношиносон аз дур истода, бо такя ба қувваҳои хоҷаҳои хориҷиашон, мехоҳанд зиндагии осудаи моро халалдор кунанд. Хушбахтона имрўзҳо ба туфайли сиёсатдониву сиёсатфаҳмии халқи азизамон одитарин шаҳрванд аз ҳадафҳои муғризонаи ин аблаҳтабиатон огоҳ аст, ки онҳо ҳадафи созанда надошта, балки барои нафс, пулу мол ҳамеша дар давутоз ҳастанд. Шаҳрвандони Тоҷикистони азизи мо, ки дар оғози Истиқлолияти миллӣ воқеаҳои даҳшатоварро аз сар гузаронида маҳз ба туфайли кору пайкори беназир ва андешаҳои судманду моявари Пешвои миллат аз ин варта раҳо ёфт, минбаъд бояд ҳушёрии сиёсии худро аз даст надода, барои таҳкими сулҳу субот дар кишвари азизамон кўшиш ба харҷ диҳем. Бояд гуфт, ки таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа рисолати меҳварии тамоми шаҳрвандони халқи азизамон маҳсуб меёбад.
Мо бояд аз ҳадафи бадахлоқона ва вайрони ҳизбу ҳаракатҳое ба монанди Ҳизби наҳзати исломӣ ва ба мисли ин ниҳодҳо огоҳ бошем ва ба дигарон низ талқин намоем, ки ин ниҳодҳо ҳаргиз нияти хушбин надошта, балки барои хароб кардани кишвар мекўшанд. Ҳамаи мо огоҳ ҳастем, ки Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз ҷониби Додгоҳи олии кишвар созмони террористӣ эълон гардида, фаъолияти он дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ шуд. Мутассифона, бо вуҷуди ин аъзои ин ҳизб ба содир кардани ҷиноятҳои дорои хусусияти террористӣ ва ифротгароӣ ва паҳн кардани ахбори иғвоангезона машғул ҳастанд. Аъзои ҲНИ дар ташкил ва ширкат дар иттиҳодияҳои ҷиноятӣ, даъватҳои оммавӣ барои бо роҳи зӯроварӣ тағйир додани низоми қонунии Тоҷикистон ва барангехтани адовати динӣ барои ноором кардани вазъи сиёсӣ кўшиш карда истодаанд, ки мо шаҳрвандон аз ин амалҳои ноҷавонмардона ва хоинонаи онҳо огоҳ ҳастем ва ҳаргиз мо ин Ватани азизамонро, ки дар асоси андешаҳои пурбор ва раҳнамунсози Пешвои миллат обод шудааст, ба ин хоинон нахоҳем супурд.