Изҳорот: Террористону экстремистон аз ҷониби миллати тоҷик дастгирӣ нахоҳанд ёфт!

Он ҳодисаи нангине, ки саҳарии 6 ноябри соли ҷорӣ аз тарафи як гурӯҳ силоҳбадастони ниқобпӯш иборат аз 20 нафар ба сарҳади Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ноором сохтани вазъи кишвар ҳамла намуданд, моро хело ғаминиг намуд. Дар натиҷаи ин ҳодиса 2 тан фарзанди фарзонаи миллат ҷон бв ҷонофарин супориданд, ки мо аз ин гуна абарбардон фахр менамоем ва қаҳрамонии онҳоро фаромӯш нахоҳем кард.

Имрӯзҳо сомонаҳои интернетӣ барои ташкилоту гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ як воситаи муҳими тарғибу ташвиқи ақидаҳои нопоки онҳо гардидааст. Ин гурӯҳҳои нохалфу бадбинони миллат дар худ ниқоби исломро пӯшида, ба корҳои ношоиставу номардона даст зада истодаанд.

Ин гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ дар зери ниқоби дини поки ислом, ки инсонро ба дӯстӣ, покизагиву хайрхоҳӣ даъват менамояд сӯиистифода намуда, баръакси он амал менамоянд, яъне мекафонанду, мекушанду медузданду ҷомеаро саросар ноором сохтани мешаванд.

Миллати тоҷик ҳамчунин давлатҳои дунё кайҳо дарк кардаанд, ки онҳо нияти нопок доранд. Мақсади онҳо як аст, ин ҳам бошад ноором сохтани оромӣ ва сулҳу субот дар ҷомеа ва чизи дигар нест. Агар онҳо нияти нек медоштанд имрӯз барои пешравии ҷомеа тадбирҳо андешида, барои боз ҳам пешравии кишвар саҳмгузор мегардиданд на ин ки фармонбардор – сагони хориҷии худ.

Ҷомеаи тоҷик ин гуна гурӯҳҳои нохалафу фитнаангез, ки аз хориҷи кишвар истода чун саг аккос мезананд маҳкум намуда, аз як геребон сар бароварда мегӯянд: “Мо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмонро ҳамаҷониба дастгирӣ менамоем ва шумо барин сагонро ҳеҷ гоҳ дар ягон ҳолат дастгирӣ нахоҳем кард!”

Устодони кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ