Изҳорот: Таъсирҳои номатлуби терроризм ба ҷомеаи муосир

Имрӯз бар пояи таъсирҳои номатлуби терроризм мо аз он дар хатар ҳастем, ки дар ин ё он минтақа асосан ҷавонон қурбони ин падидаи номатлуб мегарданд. Ширкати ҷавонон дар ин амал маънии хеле бад дорад ва нигаронкунанда аст. Ҷавонон вазифадоранд, ки дар ин гуна шароит аз даст надодани зиракии сиёсӣ, омӯзиши сабабу омилҳои ба ифротгарӣ рӯй овардани ашхос ва гурӯҳҳои терроризм фаромуш асозанд. Ҷавонон бояд барои нест шудани он кӯшиш намоянд, то сулҳ, ваҳдат ва амнияти кишвар ҳифз карда шавад.

Онҳо бояд хеле хуб дарк кунанд, ки оқибатҳои нохуши терроризм ва ифротгароӣ кишвари моро дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ ба чӣ ҳолат овард. Ин давраи пур аз таҳдид ва ё истифодаи зӯроварӣ, расонидани зарари вазнин, бенизомӣ, тағйири сохти конститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низои миллӣ, иҷтимоӣ ва динӣ маҳсуб мешавад, ки дар суханронии Пешвои миллат хеле равшан таҷассум ёфтаанд.

Аз ибтидои солҳои 90-уми асри ХХ сар карда амали зӯроварӣ, зулм, фишор овардан, таҳқир ва паст задани шаъну шарафи инсон, хусусан гурӯҳҳои дигари этникӣ, куштори фарзандони барӯманди миллат, намояндагони ҷомеаҳои башарӣ ва ғайра дар ҷомеаи мо ба таври гӯшношунид зуҳур кард ва садои эътирозро ба вуҷуд оварад, ки ин ҳама решаи ифроту ифротгариро дар кишвари кӯчаки мо сабзониданд.

Ҳоло дар байни террористон ин амал авҷ гирифтааст, ки ҷавонони пуртаҷриба ба ниҳодҳои ифротӣ ҷалб карда шаванд. Онҳо зери ақидаҳои бофтаву хаёлии «гӯё динӣ» дар байни ҷавонон кор мебаранд, ки амалан аз ҳукумату давлат ва ҳатто аҳли хонаводаи хеш Ватан-Модар рӯй гардонанд. Ин гуна рафтор амалҳои ҷангпарастӣ, ифротгароӣ ва террористиро дар ҷомеа хеле афзуд. Ин гуна ҷавонони ифротгар амали худро «қаҳрамонӣ» ва ё «фидокорӣ» дониста, хоҳони он буданд, ки бо ин васила ба мақсадҳои худ ноил шаванд ва нуфузу дастовардҳои миллиро паст зананд. Ҳамин муносибат сабаб гардид, ки дар сиришти ин ҷавонон на ватанпарварӣ ва рӯйи ниёз овардан ба ормонҳои миллӣ, балки итоаткорӣ ба пешвоён ва сарпарастони хориҷӣ бартарӣ пайдо кард.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ