Изҳорот: САҲА пуштибони терроризм аст!
Таърих гувоҳ аст, ки дар ҳар давру замон ашхос ё гурӯҳҳои мухолифине ҳастанд, ки ба тинҷиву оромӣ ва истиқлолияти давлатии хеш ношукрӣ карда, бо мақсади ба даст овардани фоидаи шахсӣ мехоҳанд, аминияти ватани хешро халалдор кунанд.
Имрӯз баъзе аз кишварҳои дунё ва баъзе аз созмонҳои минтақавию байналмилали яке аз мақсадҳояшон ин пайдо кардани нуфуз дар дигар манотиқҳо мебошад. Чи аз лиҳоз иқтисоди ва ҳарбиву дигар соҳаҳо бошад, онҳо мехоҳанд, ки ҳама давлатҳо муттаҳами онҳо бошад. Ва аз қудрат истифода бурда манфиат ва ҳуқуқи башарро поймол мекунанду истифода мебаранд. Ба ин монанд яке аз созмонҳое, ки низомномаи СММ ва Кумитаи ҳуқуқи башарро шикаста бар зидди он фаъолият менамояд ин САҲА мебошад.
Мутаасифона, имрӯз баъзе созмонҳои ҷахонӣ низ ин гуна гурӯҳҳои тундгароро пуштибонӣ намуда истодаанд. Аз ҷумлаи ин ҳизбҳо Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) маҳсуб меёбад. Албата, маълум мешавад, ки созмони мазкур барои чунин рафтори худ беманфиат нест! ва мехоҳад дар ҳамкорӣ бо ин гурӯҳҳо дар дигар манотиқҳо нуфузи мустаҳками худро пайдо кунад.
Чӣ аз лиҳози иқтисодӣ ва ҳарбиву дигар соҳаҳо бошад, онҳо мехоҳанд, ки ҳама давлатҳо муттаҳами онҳо бошад.
Хабари таҳлилгар Фирдавс Каримов саривақтӣ буда, мазмуни чуқури таҳлилиро фарогир аст. Ӯ қайд мекунад, ки: «Имрӯз ба тамоми кишварҳои дунё фаъолияти САҲА, аз ҷумла ба Тоҷикистон маълум гашт, ки сабабгори асосӣ дар муноқишаҳои кишварҳои мусалмонӣ, бахусус Сурияву Ироқ ва дигар кишварҳои даргир дасти онҳо ҳасту сабабгори асосӣ ба ҳисоб мераванд…».
Аз ин маълумот бармеояд, ки аз нооромиҳои давлатҳои Шарқ, аз ҷумла Тоҷикистон созмони САҲА манфиатҳои иқтисодӣ-иҷтимоии худро доро аст. Ин рафтори созмони мазкур ҳар яки мо мардуми шарафманди Тоҷикистонро водор мекунад, ки ҳушёриву зиракии сиёсии худро аз даст надиҳем. Зеро, оқибатҳои мақсадҳои нохалафонаи М.Кабирӣ ва ҳамсафони ӯ дар Тоҷикистон ба мо маълум аст. Вазифаи муқаддаси мо ҳифзи якпорчагии марзу буми Ватани азизамон ба шумор меравад. Аз ин рӯ бояд якдилонаву софдилона зидди чунин ҳизби террористӣ-экстримистии хони Ватан ва дигар созмону ташкилотҳои манфиатхоҳи нооромии Тоҷикистон мубориза бурд.