Изҳорот оид ба пиромуни навиштаҷоти Саидюнуси Истаравшанӣ
Навиштаи Саидюнуси Истаравшанӣ “Исломҳаросие, ки дар Тоҷикистон ба роҳ афтода натиҷа медиҳад?” –ро мутолиа намудаву ба андеша афтодам, ки инсон то чӣ андоза метавонад сияҳдилу сиёҳбин бошад...
Муаллифи мақола магар чашми бинову гӯши шунаво надорад, ки аз ҳеҷ чиз ҳар чиз сохта, масоилеро ба таҳлил кашида, ки гумон меравад, аз ночорӣ. Яъне, ҳадаф маълум: коре карда сиёсати ҷории Тоҷикистонро танқид кунем. Ин нишони ҷавонмардиву аз рӯйи инсофу адолат нест! Давоми бисту ҳашт сол аст, ки аз ҳавои сулҳу ваҳдати миллӣ нафас мекашем. Дар ин айём Тоҷикистони азизамон аз нав ободу шукуфон гардид ва имрӯз халқи мо сӯйи ояндаи дурахшон устуворона қадам мезанад. Ба диёри биҳиштосои мо сапедаи сулҳ дамида, ҳама ҷо тулӯи хуршеди саодат партавфишон аст, ки шукрона мекунем, ба неъмати бебаҳои сулҳу ваҳдату истиқлолият. Бояд бо ифтихор ва мардона иқрор шуд, ки ин музаффариятҳои азими халқу ватан ба шарофати кӯшиш ва талошҳои пайвастаи Пешвои миллат муяссар гардиданд. Агар саъю талошҳои қаҳрамононаи Сарвари давлатамон баҳри озодӣ ва саодати он, баҳри имрӯз ва ояндаи шукуфони Тоҷикистон намебурд, кишвар ба вартаи ҳалокат меафтод, порча-порча мегардид, миллат парешон мешуд.
Аз мафҳуми озодӣ андешида, вазъи дирӯзаву имрӯзаи давлат, миллат ва меҳнатҳои фидокоронаи Сарвари давлатамон пеши назар ҷилвагар мешаванд. Имрӯз дар Тоҷикистони азизи мо барои фаъолияти босамар, зиндагонии шоиста, таҳсилу таълим, сайру саёҳат тамоми шароити зарурӣ мавҷуд аст. Ҳар субҳ бо хотири ҷамъу дили беғам ба кору фаъолият шурӯъ менамоем, фарзандони мо дар беҳтарин шароит ба таҳсил фаро гирифта шудаанд, зиндагӣ бо беҳтарин маҷро ҷорист. Муҳимтар аз ҳама, тинҷиву амонӣ ва сулҳу оромӣ дар кишвари мо ҳоким аст! Сарвари давлати тоҷикон барои ободии ватан ва осудагии халқ аз тамоми имконот ба кор бурда, шаҳрвандони кишварро аз ҳаводиси ҷаҳони имрӯз ва селоби даҳшату ваҳшати ҷангҳои беасос ҳифз менамояд, ки гумон мекунам, ҳамин аст адо намудани қарзи фарзандӣ ва нишони садоқату вафодорӣ ва сарсупурдагӣ!
Сарвари тоҷикон имрӯз бо он ки ин ҷаҳони моро обод месозад ва талош дорад барои саодати индунёии мо, ҳамчунин барои пойдории дини мо, покии имони мо ва боолоишии эътиқоди мо саъй меварзад. Он қолабсозиву шаклпарастӣ, хурофоту зиёдаравиҳое, ки дар ҷомеа ҷой дошт ва зиндагии мардумро сангин месохт, маҳз тавассути қонунгузорӣ ба эътидол оварда шуд. Қабул шудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар кишвар худ далели рӯшани ин иддаост. Моҳияти аслӣ ва дарунмояи қонун таъмини ҳаёти пурнишот ва рӯзгори ободи халқ аст. Зеро маҳз ба сабаби исрофкориву бенизомӣ дар корҳо мардум гирифтори тақлиду пойбанди қайдҳое буданд, ки ин шумбоди тааллуқ ҳаёти халқро талх намудаву боиси сар задани ҳар гуна нокомиву берабтиҳо дар зиндагӣ гаштааст. Оташи таассуб ва бебанду бориҳо дар рӯзгор бо гузашти солҳо бештару бештар мардумро ба коми худ мекашид ва аксаран ба оқибатҳои фоҷиабор мерасонид. Таълимоти дини ислом низ муқобили таассуб ва худнамоӣ буда, пайравонашро ба содагиву низом дар корҳо ва камхарҷӣ далолат мекунад. Аз ҳадиси набавӣ аст, ки омада: “Зане, ки харҷаш аз ҳама занон камтар бошад, баракаташ аз ҳама бештар аст”, “Муъмин камхарҷ аст”, “Беҳтарини издивоҷҳо он аст, ки содатару осонтар бошад”.
Дарвоқеъ, маҳз талошу ҷонбозиҳои Сарвари мо ва иродаи қавии ватандӯстони миллат буд, ки ба рӯзҳои фараҳафзо расидем. Имрӯз Президенти мо дар ҳама ҷо ваҳдату якпорагии халқу Ватанро таъкид мекунанд, ки ин бесабаб нест. Зеро ваҳдату ягонагӣ имконият фароҳам меорад, ки ба ояндаи дурахшони мамлакатамон замина гузорем. Дар вазъияти кунунӣ, ки ҳар як дастоварди ватани азизамон дӯстонро шоду бадхоҳони моро ба ташвиш меандозад, ҳар як фарди ҷомеа хуб дарк менамояд, ки истиқлолияти давлатӣ ва ваҳдати миллӣ сутунҳои заррине мебошанд, ки давлат ва миллати моро пойдору устувор нигоҳ медоранд ва вазифаи муқаддаси ҳамаи мо аз он иборат аст, ки бо заҳмати созанда ин пояҳои давлатдориро боз ҳам таҳким бахшем.