Изҳорот оид ба конференсияи ОБСЕ дар варшава
Пас аз бохабар гаштан аз кирдорҳои номатлуби “мардони” диншинос ҳар як инсони комил ва поксиришт пеши худ саволе мегузорад, ки ин гуна лавҳаҳои ғаразнок бо кадом мақсад наворбардорӣ карда мешаванд. Ин амали нохалафон пурра характери манфӣ дошта, Ҳукумати имрӯзаи Тоҷикистони азизро, ки сарварии он ба як марди оқилу доно ва пеш аз ҳама адолатпарвар Эмомалӣ Раҳмон сазовор гаштааст, бадном мекунад. Лекин ман боварии комил дорам, ки ҳар як тоҷики асил ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон содиқ мебошад.
Дар фикри он ҳастам, ки ин гуна сухангӯии беруна аз тарафи инсонҳои кундзеҳн ва беоянда навишта мешаванд. Онҳо худро гӯё аз шахсоне мегиранд, ки ҳамаи ҳақиқатро медонанд ва гӯё тарафдори мардуми тоҷиканд. Лекин баръакс ин гуна афродони ватандушман кӯтоҳандешанд ва дастовард, сулҳу оромӣ ва тинҷию осудагии кишварро намехоҳанд.
Халқи тоҷикро ба он даъват менамоям, ки аз ин гуна гурӯҳҳо ва ақидаронии кӯтоҳандешона даст кашанд. Зеро ки дар урфият мегӯянд “Давидани гӯсола то каҳдон аст” ва ин гуна инсонҳои бадлафз ба монанди шахсони дар навор буда оқибати хуб надоранд.
Саидов М.М. мудири кафедраи забони олмонӣ факултети забонҳои хориҷӣ