Изҳорот оид ба фитнаҳои наҳзати ислом
Иғво ва фитна андохтан байни мардум ҳаргиз инсонро ба мақсуд намерасонад ва дини ислом ҳам, пеш аз ҳама,ваҳдату меҳрубониву якдигарфаҳмиро эътироф менамояд. Дар ҳар ҳодиса ва воқеа ҳатман ду ҷиҳати фаҳмиш ҳаст, ин ки тарафи хуб ва бад, ё манфиатбахш ва зиёновар.Барои ҳамин набояд масъалаеро якҷиҳата фаҳмид. Имрӯза сиёсати Пешвои миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мавриди дин,намозхонӣ, сатрпӯшӣ, махсусан, манъи иштироки ҷавонон дар намозхонии масҷидҳобесабаб ва беасос нест. Ҳодисаҳои нохубу дилгиркунандае, ки солҳои охир дар арсаи ҷаҳонӣ ва баъзан қаламрави Тоҷикистони азизамон ба вуқӯъ омад, ба туфайлигумроҳиҳои маҳз ҷавонон рӯх дод ва рух дода истодааст. Чандин нафар ҷавонон аз дуруст дарк накардани дини ислом, ки мусалмониро танҳо дар намоз хондан,риш мондану сатр пӯшидан медонанд, ба гурӯҳҳои ифротгаро пайвастанд.
Ин ноогоҳиҳо ва нофаҳмиҳои маҳз ҷавонон ва наврасон боиси нороҳативу ноосудагии ҷомеа гашта истодааст. Онҳо моҳияти аслии дини исломро нафаҳмида ба зоҳирпарастиву худпарастӣ пардохтаанд, бехабар аз он, ки дар дини ислом муҳим ботин аст. Дили софу беолоиш, иттифоқ, дилеро таскин бахшидан, ободкорӣ, дасти мадад ҳамеша дароз кардан ва муҳимтар аз ҳама сулҳу ваҳдатро дар байни мардум ҷорӣ кардан ва онро ҳифз намудан аст. Аз ин рӯ, сиёсати Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро баъзе ашхос ба мақсадҳои баду худбинонаи худ ташвиқ карданашон ноинсофӣ аст. Дар ин масъала низмоҳияти аслии масъаларобояд дид ва мувофиқи он хулосабарорӣ кард.
Зеро барои сарвари кишвар, муҳимтар аз ҳама, осудагӣ ва ваҳдати устувори халқи худаст ва Асосгузори сулҳу ваҳдати миллии мардум ин масъаларо аз рисолати аввалиндараҷаи худ маҳсуб медонад.
Муқаддас Неъматова, дотсент