Изҳорот: Нақшаҳои нопок амалӣ нахоҳанд шуд!
Хуб аст, ки ҷаҳони муосир мунтазам рӯ ба тараққӣ мениҳад ва кишварҳо аз ҷиҳати иқтисодиву иҷтимоӣ торафт байни ҳам нуфуз пайдо мекунанд. Ин гуна пешрафт албатта барои тарзи зисту зиндагонии беҳтари мардуми сайёра шароит фароҳам меоварад, вале мутассифона дар дохили чанде аз кишварҳои дунё созмонҳое пайдо шудаанд, ки гӯё барои ҳимояи ҳуқуқи башар ва манфиатҳои инсон хизмат мекунанд. Аз ҷумлаи ҳаминхел созмонҳо ин Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо буда, ҳадафаш таҷовузгариву тарафдорӣ аз терроризму падидаҳои номатлуб аст.
Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти ташкилоти террористии наҳзатро, ки роҳбараш Кабирӣ мебошад манъ намудааст, аммо САҲА ин ташкилотро пуштибонӣ мекунад. Барои мисол меорем, ки дар назар аст нишасти навбатии САҲА баргузор гардад ва дар ин нишаст ташкилоти мардумфиреби наҳзат ҳам даъват шудааст. Аз ин мисол муайян мешавад, ки созмони САҲА созмони нотавонбину харобкор буда, бо либоси бардурӯғи некӣ тухмҳои бадӣ пошида, мехоҳад оромии ҷомеаро вайрон кунад.
Фаъолияти разилонаи САҲА ба кулли давлатҳои олам аз ҷумла ба Тоҷикистон ошкор намуд, ки нақши асосиро дар ҷангҳои Сурияву Ироқ ва дигар кишварҳои ҷангзада онҳо мебозанд.
Кумитаи ҳуқууи башар ҳам дар ҳамдастӣ бо САҲА амал намуда, манфиатҳои якдигарро ҳифз менамоянд, ки аз доираи ҳуқуқ берун аст.
Ба ҳар бобат лозим ба тазаккур аст, ки нақшаҳои тарҳрезишудаи созмонҳои сохтакор амалӣ нахоҳад шуд. Зеро пеши роҳи онҳоро муҳаббату садоқати олии фарзандони бонангу номус ва ватандӯсти кишварамон бастааст.
Саидғанизода Саидсултонхон,
муаллими кафедраи филологияи араб