Изҳорот дар бораи мулоҳизаҳои шахсони фикррониашон устувору баланд ба гуфтаҳои професур Иброҳим Усмонуф
Фикру андешаҳои андешарононро оид ба ҳаёти сиёсии кишвар дар ВАО шинос гардидаму ҳайрон шудам, ки чаро он андешаронон вақти қиммати худро барои ягон кори ба ҷамъият муфид сарф намекунанду танҳо аз паи кофтани носаҳеҳӣ ва норасоии сухану фикри якдигар мебошанд. Хуб мешуд, ки ин сухану таънаҳои пичингомезро нисбати якдигар ба як сӯй монанду аз паи коре гарданд, ки танҳо пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлолро ифода намояд. Хуб мешуд, кн шахсони аз болои мавзӯъҳои мурда, яъне археистӣ, ки худ ба мафҳуми ҷамъият ба қавли худ“нағз”сарфаҳм мераванд, ба пичингу таронаи ҳамдигар дар мавзӯи таърихи миллати худ,яъне тоҷикониқарнҳои гузаштаву миёна ва муосир машғул нашаванду ба ҷои он як шохаи илми тоҷикро сахтакак қапида таҳлил кунанд ва навовариеро кашф намоянду номи тоҷикони муосирро бо Пешвои миллаташон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаҳон машҳур намоянд.
Ба фикри ман он андешаронон танҳо аз ӯҳдаи муҳокимаи гуфтаву шунидаҳои якдигар дар бораи сиёсати Тоҷикистон ва хатогиҳои зоҳирнамудаи зиёиёни кишвар аз қадим то муосир мебароянду худро бо ҳамин восита яъне таҳлили гуфтаҳои якдигар машҳур мекунанд. Такрор шавад ҳам мегӯям, ки онҳо вақташонро барои муҳокимаи муаммоҳои сиёсии давлати ҳуқуқбунёди тоҷик беҳуда сарф карда истодаанду халос, зеро халқи соҳибкишвар ва қадимаи тоҷики муосир худ хуб медонад, ки аз азал то имрӯз ки ҳақ ҳасту кӣ ноҳақ.
Тағйироти ҳодисоту воқеотҳо дар таърих ин қонуни ҷамъиятист. На танҳо ҳар як сохти давлатдорӣ аз қадим то ҳоло, ҳатто ҳар як форматсияҳои ҷамъиятӣ саршори хатогиву норасоиҳоанд, ки ҳар яки онҳо бо норозигӣ ба анҷом расидаанду бо розигӣ бунёд гардидаанд. Ин тавр бошад ҳам ҳар як давру замон барои мо тоҷикони муосир як ҷаҳон илму донишро пешкаш намудааст, ки барои мо пойдевори илму дониш ва фарҳанги миллӣ ба ҳисоб меравад.
Ман гуфтаниам, ки ба ҷои “ту инро гуфтӣ, ту вайро гуфтӣ ва ман чунин ҷавоб додам” , “нағз мешуд, ки ...” ва ғайраҳо, яънеба мафҳуми сиёсати давлат сарфаҳм мерафтаҳо, ҷилави як кори аниқро гиранду барои татбиқи он кӯшанд, ки номи онҳо дар таърих чун тоҷикдӯсти асил ва ватанпарасту миллатдӯст монад ва аз ихтирооту навовариҳои он фард на танҳо ояндагони тоҷик балки тамоми халқу миллатҳо истифода барандва он навоваррохалқи ояндаи тоҷик ба мисли Синову, Бедил, Низомиву Аҳмади Дониш шуморанд.
Ман чун омӯзгор чунин мегӯям, ки ҳоло ҳам ба шумо яъне ба мусоҳибачиёну таҳлилгарони ҷамъияти муосиру миёна ва қадими тоҷикон дер нашудааст, ки ҷилави як кори ба ҷамъияти тоҷикони муосир муфидро дореду аз паи татбиқи он дар амал гардед, ки бигзор номи шумо низ дар таърих монаду ояндагони мо бо ифтихор шуморо ёд кунанд, зеро шумо хеле сухандонед намебояд таърихи тоҷиконро бо таври манфӣ таҳлил намоед.
Каримова Д.А.-саромўзгори кафедраи умумидонишгоҳии
забонҳои хориҷӣ, факултети забонҳои хориҷӣ