Илҳом Ёқубов: Раиси Ассотсиатсияи маҷбурӣ аст!..
Воқеан ҳам суханронии бесаводонаи яке аз савдогари кӯчагӣ Илҳом Ёқубов, ки имрӯз дар ба дари Олмон нафаси ғализ мекашаду бо пули ҳароми хориҷиаш нафси худро ҳаром мегардонад, чашм афтоду хандаи сахте фаро гирифт, ки дар таърихам чунин ҳолат фаро нагирифта буд. Бар замми ин 20 нафар ғарибону бекасон ва бечорагонро бо таваллою тазарро ва гумроҳӣ дар паҳлӯи худ ҷамъ сохта, дар фейсбук хабар медиҳанд, ки мо беш аз 300 нафарро ташкил медиҳем. Дурӯғгӯӣ дар ислом хуб нест ва писанди мардуми тоҷик ҳам нест!
Бояд донист, ки Илҳом Ёқубов кӯрсавод аст!
Пас барои ин бесавод кӣ вазифаи роҳбари Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи Марказиро ба ӯ вогузоштааст. Ин ташкилоти ҳуқуқист, ҷамъиятист, оилавист ё инфиродист? Ман фикр мекунам ин Ассотсиатсияи маҷбурист ва гумроҳист! Зеро ин Ассотсиатсия метавонад аз ҷавонони мисли худ бесаводу дар чорроҳаи зиндагӣ сарсонро ба сӯи худ ҷалб созаду онхоро ба сӯи гумроҳӣ маҷбуран барад. Марг бар ту бод Илҳои Ёқубови бесавод!
“Мансаби олӣ” доштаасту аммо калла холӣ! Ӯ замони дар шаҳри Хуҷанд зисту зиндагонӣ доштанаш худашро идора карда наметавонист, пас чӣ гуна сухани вайро муҳоҷирони меҳнатии Осиёи Марказӣ гӯш меандозанд. Вой бар ҳоли чунин ҷавонони ватанфурӯшу иғвоангез ва гурезаву дар бар дар! Саводи кофӣ надораду имрӯз аз ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳо ҳарф мезанад.
Агар фазои сулҳу салоҳи Тоҷикистон ба чашми Илҳом Ёқубов ҳамчун режими ҷаллодони Бухороро ёдаш орад пас яке байти Лоиқи зиёдаёд ёдам меояд, ки мефармояд: Барои кинадорон сулҳ ҷанг аст! Илҳом Ёқубов ва дигар ҷонибдоронаш ин муваффақияти давлату ҳукумати кунуниро дида наметавонанд ва ҳар оромиву сулҳу суботи кишварро бо чашми хира мебинанд. Зеро чун давлату ҳукумат корҳои пасипардагии онҳоро ошкор сохту паси зиндон бурд, акнун мехоҳанд, ки шариконашонро озод намоянд. Аммо, пушаймонӣ надорад оқибат суд...
Маҳмадалӣ Сайид низ яке аз нотавонбинон маҳсуб меёфт ва ё худро ҳамчун яке аз идеологҳои номӣ метарошид. Пас аз пайи аробаи холиат шаву ба режими давлату ҳукумати мо кордор нашав! Шояд рӯзе шавад, ки ту ҳам дар назди ҷомеа барои тӯҳмату сангпартоиҳои беасосат ҷавоб хоҳӣ гуфт.
Мардуми тоҷик медонад, ки ту аз бероҳтарини бероҳтаринҳо, безортарини безортаринҳо ва хиёнаткору фиребгартарин дар Осиёи Марказӣ мебошӣ!
Тоҷикистон чунин фарзанди бесавод надорад ва минбаъд низ тавлид нахоҳад кард!
Обиди Салимпур – соҳибкори инфиродӣ