Илҳом Ёқубов -хоини миллат

Нооромиҳои сиёсии ибтидои солҳои навадуми асри гузашта тамоми шохаҳои давлату давлатдорӣ ва истеҳсолиро фалаҷ карда буданд. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳҳои расидан ба истиқрори сулҳ ва ваҳдати миллиро ҷустуҷӯ мекард ва Сарвари давлат пайваста талош меварзиданд, то осудагию оромӣ дар саросари мамлакат ҳукмфармо гарданд. Имрўзҳо мо шукрона мекунем, ки бо сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон мо тавонистем се ҳадафи стратегиро амалӣ созем.

Аммо имрўзҳо дар ҷомеа шоҳиди ҳолатҳое шудан мумкин аст, ки бархе аз инсонҳо ба хотири манфиатҳои молӣ суботу оромииВатан -Модарро дида наметавонанд. Мисоли ин гуфтаҳо террорист ва хоини миллати тоҷик Муҳиддин Кабирӣ, Илҳом Ёқубов ва пайравони онҳо мебошанд. Зеро аз рўзҳои аввали фаъолияташон ин хоинони Ватан ҳамеша бадандешиву бадниятиро дастури худ қарор дода, бо роҳнамоиву ҳидоятҳои хоҷагонашон мунтазам фаъолият мекарданд. Маҳз бо чунин андешаҳои ғаразноки хеш онҳо бори дигар мехостанд мардумро гумроҳ карда дар ҷомеа кинаву адоватро паҳн намоянд.

Яке аз пайравони Муҳиддин Кабирӣ Илҳом Ёқубов мебошад, ки ба хотири маблағи нопоки сарпарарастони хориҷиаш Ватан-модар ва дину мазҳаби худро фурўхтааст. Ӯ ҳамчун як душмани Ватан, аз хориҷи кишвар истода ба сиёсати дохилии кишвари мо дахолат мекунад. Имрӯз ТЭТ ҲНИ дар Тоҷикистон ва дар миёни халқи тоҷик, ки пайрави мазҳаби ҳанафӣ мебошанд, дигар ягон хел эътибор ва эҳтиром надорад. Нафароне, ки ба ин гурӯҳ ҳамроҳ ҳастанд, хиёнат ба ватану миллати худ кардаанд. Зеро пайравӣ кардан ба ТЭТ ҲНИ ин ҳамроҳ шудан ба татбиқи барномаҳои хоинонаи ин ташкилоти террористӣ мебошад, ки ҳадафи он барҳам доданидавлати мустақили тоҷикон буда ба Афғонистони дуюм мубаддал гардонидани Тоҷикистон мебошад. Аммо мардуми тоҷик дубора ба фиребу найранги онҳо бовар намекунанд. Мо зидди чун шахсон муборизаи беамон мебарем.


Кафедраи умумидонишгоҳии сиёсатшиносӣ

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ