Иғвогарии наҳзатиён то ба кай?

Рӯзҳои наздик сарвари кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафари кории худро ба мамлакатҳои Аврупо оғоз хоҳанд кард. Ҳар як сафари корие, ки аз ҷониби сарвари кишвар ба ин ё он мамлакат меанҷомад боиси фараҳмандиҳост ва мо аҳли зиёро хело хушҳол месозад. Зеро боз ҳам масъалаҳои ҳалталаб ҳалли худро меёбанд ва боиси боз ҳам пешравиву шукуфоии Тоҷикистони маҳбубамон хоҳад гардид. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз оғози ба сари ҳокимият омаданашон сиёсати хирадмандонаву сулҳдӯстонаро пешаи кори худ кардаанд ва аҳли ҷомеа ба ин шахси нотакрору худодод итминони комил доранд. Лек афсӯс сада афсӯс, киимрӯзҳо нафарону гурӯҳҳое ҳастанд, ки ин пешравиву шукуфоии Тоҷикистони маҳбубамонро чашми дидан надоранд. Онҳо ба ҳар восита мехоҳанд дастовардҳову пешравиҳои кишварро нодида гирифта, санги маломатро ба сӯи ҳокимияти давлатӣ равона созанд. То ба кай ин иғвогариҳо идома меёфта бошанд? Кай онҳо дарк мекарда бошанд, ки ин иғвогариҳои онҳоро касе тарафдори нахоҳад кард. Мардуми кишвар кайҳо дарк кардаанд, ки онҳо душманони миллатанд ва барои пешравии Тоҷикистон ба ғайр найрангу иғвогарӣ дигар коре накардаанд.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ