Ифротизатсияи босуръати ТЭТ ҲНИ

Ифротишавии босуръати ҲНИ – ро метавон тавассути шабакаҳои фаъолаш пай бурд. Барои мисол, ҳар рӯз як чоплуси Кабирӣ худро навор кардаву бо нозу карашма мардумро ба “роҳи ҳақ” даъват мекунад. Сулаймон Орзуев яке аз он ширмаконе ҳаст, ки на дунё дида ва на шунида. Навори худро ба “Ассалому ъалайкум ва раҳматуллоҳи вабаракоту” оғоз мекунад, ки маънои дурусти саҳҳеҳи саломашро ҳамтто намедонад ва дуруст гуфта ҳам наметавонад. Дар навор одат дорад, ки прическа – и худро, хиромон он ду дона қили сарашро, ки ба пешонӣ хам мезананд боло мебардорад боз дурӯғгӯиро давом медиҳад. Мардума дашному ҳақорат карда дар охир боз “Ассалому ъалайкум ва раҳматуллоҳи вабаракоту” гуфта мисли шайтони раҷим ғайб мезанад. Ин аст як кадри ҷавони “демократхоҳ” – и наҳзатӣ.

Ҳамин тавр, Кабирӣ “муборизон” – худро бо ҷумлаҳои “Ҳа, офарин, боракалло ту муборизи ҳақиқиӣ” – гуфта онҳоро алайҳи миллату давлат мешӯронанд, ки дар натиҷа воқеан як ҳисси бадбинӣ нисбат ба миллат дар замири онҳо эҷод мешавад. Ҳоло раванди ифротишавии худро ҲНИ бо вокунишҳояш пӯшониданист. Аммо рӯйпӯш намудани ифротишавии Кабирӣ ва муридонаш аз чашмҳо пинҳон нахоҳад монд. Миллат худаш шоҳиди ифротишавии наҳзат ва паймони дурӯғини он аст.
Тавре ба ҳамагон маълум аст кишвари моро маъракаҳои муҳимми сиёсӣ дар пеш интизор аст. Аз онҳо яке интихоботи парлумонӣ ва дигар интихоботи президентӣ мебошанд, ки дар соли 2020 сурат хоҳанд гирифт. Новобаста аз ҳар гуна вазъе, ки дар ҷомеа мушоҳида мегардад, шаҳрвандони Тоҷикистон барои маъракаҳои сиёсии кишвар ба таври худ тайёрӣ мебинанд. Табиист, ки ҷомеаи як кишвар ба равандҳои сиёсии он кишвари алоқамандии зич доранд, ҳол он ки кишвари мо демократист ва нақши халқ дар ҳаёташон бевосита мушоҳидашаванд мебошад.
Чун ҳамеша шаҳрвандони кишвари мо оид ба маъракаҳои сиёсии кишвар фикру андешаҳои худро доранд, ки мавқеихудро дар асоси дарки амиқи маъсулияти шаҳрвандӣ ва худшиносии миллӣ арзёбӣ мекунанд. Хушбахтона, миллат ва ҳамватанони мо тавонистаанд механизми фаъолеро ба кор гиранд, ки ҳар сарчашмаи ифротӣ ва фитнапароканеро дар мизони ченакҳои худшиносии худ бисанҷанд. Яъне, душман аз ҳар канале вориди ҷомеа бишавад, то фитнаеро миёни он эҷод намояд, вокуниши сареъи ҷомеа алайҳи душман дар шакли хулосаҳои инфиродӣ бошад хоҳ оммӣ сутуданист. Чунин хулосаро метавон аз фазои маҷозӣ ва ҳам аз фазои воқеӣ шоҳид гардид.

Икромиддини Шуҳрат

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ