Ифротгароии ҷавонон омили хатарнок

Онҳое, ки ҳадафҳои аслии ифротиён огоҳанд, худ ва атрофиёнро аз фирефта шудан эмин медорад.

Вожаҳои террор, терроризм, экстремизм, радикализм – солҳои охир љомеаи љаҳониро ба ташвиш оварда, аз амали онҳо сад ҳазор нафар талаф ва ҷабр дидаанд.

Вақте ин мафҳумҳоро ба дини ислом мепайванданд, ҳатто барои шахси ноогоҳ боиси нигаронӣ аст. Зеро аз сарчашмаҳо, аз китобҳо огоҳем, ки ислом дини муъбини Ислом, покиву, беозорӣ, некиву некбинист.

Аммо аксари гурӯҳҳои террористии муосир бо номи Ислом амалҳои ношоистаи худро анљом дода, онро бо унвони љиҳоду қурбонӣ сафед карданӣ мешаванд. Боиси таассуф аст, ки садҳо нафар љавонони ноогоҳ онро амри илоҳӣ, фармудаи аркони динӣ пазируфта, олудаи идеологияи ифротгароӣ гашта, худро ба равияҳои террористиву экстремистӣ мепайванданд.

Агар ба таърих назар андозем ин ноогоҳӣ аз оғоз мақсаднок будааст. Бино ба ақидаи мутахассиси исломшинос Муҳаммад Ғарабей намояндагони равияи Салафия дар давлатҳои Шарқи Наздик ва Ховари Миёна барои ба сафи худ љалб кардани шумораи бештари одамон онҳоро махсус ба раҳгум мезананд. Зеро роҳи ҳалли муаммоҳои сиёсиву љамъиятиро дар бозгашт асл, ба ноогоҳӣ медонистанд. Яъне барои расидан ба мақсади худ – сохтани давлати исломӣ барои онҳо пайравони аз ислом огоҳ зарур набуда, нафароне кор меоянд, ки дониши кофии динӣ надоранд.

Зимни омӯзиши сарчашмаҳои ваҳҳобия низ ба ҳамин монанд вазъият пеши назар меорад. Гарчанде байни роҳҳои интихоб намудаи баҳадафрасии ин ду равия тафовут ба назар расад ҳам дар љалби тарафдорон принсиҳои ягона ба назар мерасад. Имрӯз низ барои ба ҳадаф расидан намояндагони ин ташкилотҳои террористӣ принсипи ноогоҳии пайравонро истифода намуда, бо ваъдаҳои зиёд садҳо љавононро дучори марг намуда, шаҳрҳои ободро ба вайрона табдил додаанд.

Фаъолияти экстремистӣ террористии ҳизби назҳати ислом дар кишвари мо маҳз аз ҳамин принсипро роҳандозӣ намуда, љавононро бо роҳҳои фиреб шомили гурӯҳи худ намудаанд.

Мо бояд тамоми саъйу кушишро бар он равона кунем, ки то шомилшавии ҷавонон ба гурўҳҳои ифротӣ пешгирӣ карда шавад.


МАРКАЗИ ИТТИЛООТ