Ифротгароии ифротиёнро интиҳо диҳем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон на танҳо сарвару раҳнамои миллат дар давлати соҳибтамаддуни Тоҷикистон, балки ҳалкунандаи муаммоҳои мураккаби ҷаҳони муосир дар тамоми ҷаҳон мебошанд.
Дар амал татбиқ намудани вазифаҳои стратегии давлату ҳукуматро миллати тоҷик вазифаи аввалиндараҷаи худ медонад, зеро талхиву ширинии ҳаётро дар давоми мушкилиҳои паси сар намудаимамлакат баъди ҷанги шаҳрвандӣ чашидааст, ки шӯр буд.
Аммо душманони оромии сайёра азбаски ба мафҳуми вусъат додани ғояҳои созандаи ватандӯстона, тақвият бахшидани худшиносӣ ва худогоҳии миллӣ фаросоташон намерасад, масъулияте дар назди ватану миллат ҳис намекунанд ва ҳатто ба чӣ будани моҳияту мафҳуми ин ибораҳо аҳамият намедиҳанд тайёранд нобасомониеро ташкил кунанду аз натиҷаҳои он лаззат баранд.
Онҳо ба фаолияти Ҳизби Халқӣ Демократии Тоҷикистон тарафдор нестанд ва дар майнаашон ҳамеша Ҳизби Наҳзати Исломро мепарваранд. Аз таҳти дил парастидани ин Ҳизб ба онҳо сабабе дорад, ки ба ҳамагон маълум аст. Яъне зери номи дини мубини Ислом онҳо дар ҷамъият ба ҷои ба мардум ибрат гардидан,ба ҷои барои ҳалли муаммоҳои муҳими ҷомеа саҳми фаъол гузоридан, ба ҷои мунтазам бо мардум аз болои сулҳу ваҳдати миллӣ кор кардан, ба ҷои маърифати баланди сиёсӣ доштан ва ҳис кардани масъулияти бузург дар назди халқу ватан ва сарнавишти ҷомеаи демократӣ, дунявӣ ва ҳуқуқбунёди Тоҷикистон, ба ҷои мунтазам бо мардум кор кардан ва барои ҳалли ҳалли масъалаҳои муҳими ҷомеа саҳми фаъол гузоштан умуман сарфаҳм намераванд ва ором наистода баракси ин фаъолиятҳоро ба иҷро мерасонанд.
Он ашхосон худро бо ном ҳифзкунандаи дини мубини Ислом ва аъзоёни ҲНИ вонамуд карда дар ҷомеа ғайр аз иғвоандозӣ дигар машғулияте надоранд. Дар ВАО ва рӯзномаву расонаҳои интернетӣ нисбати на танҳо давлату ҳукумати Тоҷикистон, балки нисбати дигар мамлакатҳои осоишта суханҳои бардурӯғу фитнаангез дар мобайни одамон паҳн менамоянд. Баъзе ашхосони камсавод, оддӣ ва ба роҳашон рост тӯъмаи фитнаву тӯҳматҳои онҳо мегарданду маҷбур ба он ҳизбҳои ба ҷамъият бегона шомил мешаванд.
Ҳоло аксарияти халқи меҳнаткаши тоҷик ба мафҳуми давлати дунявӣ мерасад, зеро худ дар он зиндагӣ намуда ба қадри таъми ширини ҳаёти соҳибистиқлолӣ расидааст.
Дар айни замон тоҷикон дар давлати Тоҷикистонамон якдил ва якмароманд, худшиносу ватандӯстанд, паҳлу ба паҳлу истода танҳо барои сулҳу озодии кишвару ҷаҳонашон мубориза мебаранд.Ҳоло халқи тоҷик медонад, ки хоинону ватанфурӯшон оламро бо зулму ситам, дурӯғу фиреб, қатлу бедодгарӣ обод карда наметавонанд.
Хуб мешуд, ки он хоинони сайёраи замин мавқеи қотеонаи хешро бар зидди силоҳ ва маводи мухаддир ва амалҳои дар рӯи об намеистодаи ҷиноӣ, ки аз тарафи ҳизбҳои ба ҷамъияти муосир бегона ташкилу тарғиб намуда истодааст, қатъ намоянд. Мо умедворем, ки бо мурури замон сари онҳо низ ба тахтасанг рафта мезанаду ҳушёр мешаванд. Ва ҳамеша дуо мегӯем, ки аз сарашон фикру ақидаҳои зидди оромии ҷамъиятӣ баромада ба ҳаво равад..
Барои ҳамин мо омӯзгорон ба он ашхосони сулҳбадбину ҷангташкилкунанда муроҷиат карда мегӯем, ки ба ҳамёни хоҷагони хориҷиашон такя накунанд, зеро онҳо ифротианд ва касбашон ифротгароӣ.
Юсупова М.И. Н.и.ф., дотсенти кафедраи тарҷума ва грамматикаи забони англисӣ Факултети забонҳои хориҷӣ