Ифротгароии динӣ ва хатарҳои он ба амнияти инсонӣ

Ҷаҳони муосир ба бархурдҳои зиёди фикрӣ ва ақидавӣ рӯ ба рӯ гардидааст, ки бахши асосии онро зиддияти дину мазҳабҳо ба вуҷудовардааст. Яке аз омилҳои аслии сар задани ин зиддиятҳо ба ифротгароии динӣ вобаста аст, ки аксаран ин ҳолат бар асоси ба таври дуруст дарк накардани моҳияти асосии таълимоти дини мубини ислом ва маърифати мукаммали он зоҳир мешавад. Агар ба таълимоти ҳамагуна ҳизбу ҳаракатҳои экстремистӣ ва террористии хислати динӣ дошта таваҷҷӯҳ намоем, як нуктаи муҳим мушаххас мегардад, ки онҳо аксаран бар самти ақидаҳои динӣ ба ифротгаройӣ ё зиёдаравӣ роҳ дода, моҳияти аслии таълимоти дини исломро на бар пояи ҳақиқати таърихӣ ва таълимоти аслии он, балки аз рӯи фаҳмишҳои худ ва бар асоси ба эътибор гирифтани манфиатҳои хеш шарҳу тафсир додаанд. Масалан, ҳизби ғайриқонунии Таҳрир, ки чанд сол қабл доманаи густурдаеро дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ҳатто берун аз он фаро гирифта буд, дар таълимоти хеш барқарории хилофатро тақозо намуда, тамоми китобҳои осмонии дигарро мансух эълон намуда буд. Ҳол он ки аз назари таҳаввулоти таърихӣ бозгашт ба қафо ва бунёди чунин як ҷомеаи куҳна ҳаргиз имконпазир нест. Ақидаи мансух донистани дигар китобҳо низ дар назарияи пайравони ин ҳизби манъшуда хилофи фармудаҳои Худованд дар китоби муқаддаси Қуръон аст, зеро дар ин китоби осмонӣ эътирофи ҳамаи китобҳои динҳои дигар ба чашм мерасад. Дар баробари ин, ақида ва ғояҳои ҳизбу мазҳабҳоидигаре чунСалафия, Ансоруллоҳ, давлати исломӣ низ ҳамон гуна бар пояи ифротгаройии динӣ ва радикализм асос ёфтаанд, ки дар асл ба таълимоти худи дини мубини ислом мутобиқат надоранд.Пайравони ин ҷараёнҳо ва мазҳабҳо дар асл аксаран китоби муқаддаси Қуръонро бо шарҳу тафсирҳои он нахондаанд ва бештари таблиғоти хешро аз рӯи шунидаҳояшон аз дигаршахсиятҳо ба анҷом мерасонанд, ки дар натиҷа ақидаҳои хатарнок барои ҷомеа ва мардум аз ҷониби онҳо паҳн мешавад. Дар ҳақиқат, яке аз сабабҳои аслии реша гирифтани ғояҳои ин ҳизбу ҳаракатҳо ҳамоно ба огоҳии зарурӣ надоштани гурӯҳҳои муайяни аҳолӣ аз аслу моҳияти таълимоти ислом ва доираи танги мутолеаи онҳо аз сарчашмаҳои динӣ ба шумор меравад.

Таҷрибаи давлатдории кишварҳои Осиёи Миёна дар давоми чандин солхои охир нишон доданд, ки аксари ҷавонони ба ҳизбу ҳаракатҳо шомилгардида бар асари гумроҳӣ ва камсаводӣ, надоштани дониши кофии динӣ ва маърифати таърихӣ ба ин роҳ рафта, дар натиҷа гирифтори бемории ифротгаройии динӣ шуданд. Ба ибораи дигар, ба андозае дар зери таъсири ғояҳоиноматлуби ин ҳизбҳо қарор гирифтанд, ки онро ҳақиқати кулл шуморида, дар баробари тарғиби он ғояҳо даст ба амалҳои куштору хунрезӣ зада истодаанд. Имрӯз агар сабабҳои асосии сар задани ҳар гуна ҳодисаҳои фоҷиаангези қатлу куштори одамон, таркишҳо дар саросари оламро таҳқиқ намоем, аксари онҳо маҳсули дасти нафароне ҳастанд, ки дар гирдоби ифротгаройии динӣ қарор доранд. Бештари қатлу кушторро намояндагони давлати исломии Ироқу Шом ба уҳда мегиранд, ки воқеан реша давонидани онҳо на танҳо ба як ё ду давлат, балки ба тамоми сайёра ва ё тамоми башарият хатар эҷод мекунад. Нуфуз ёфтани ифротгаройии динӣ имрӯз ба амнияти инсони хатар эҷод намуда истодааст, ки ҳосили он қатлу куштори одамони зиёди бегуноҳ мебошад. Ҳол он ки агар ба ҷавҳари таълимоти дини ислом ва китоби муқаддаси Қуръон биандешем, пеш аз ҳама чунин амалҳои баду зишт пайваста маҳкум мешавад ва рехтанихуни бегуноҳ аз ҳама бадтарин гуноҳ ба ҳисоб меравад.

Вобаста ба ин, имрӯз моро зарур аст, ки барои ҷилавгирӣ аз ифротгаройии динӣ тадбирҳои мушаххас андешида, пеш аз ҳама ҷиҳати баланд бардоштани маърифати динии ҷомеа ва ҷавонон аз ҳар роҳу воситаҳо истифода намоем. Бо ибтикори бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам ЭмомалӣРаҳмон бо тарҷумаи тоҷикӣ нашр варойгонпаҳн намудани китоби муқаддаси Қуръон амри бисёр саривақтӣ ва муҳим дар самти боло бурдани маърифати динии ҷомеа гардид. Воқеан, имрӯз дар тамоми китобхонаҳои мамлакат китобимуқаддаси Қуръон бо тарҷумаи тоҷикимавҷуд аст ва моро зарур аст, ки ҷавононро барои омӯзиши аслу моҳияти он даъват намоем. Дар канори ин, бо эълон шудани соли 2009 ҳамчун соли пешвои мазҳабии мо Имом Абуҳанифа дар Тоҷикистон корҳои зиёди илмӣ дар ҷодаи нашри осори ин абармарди бузург ба сомон расид, ки дар навбати аввал метавон китоби худи Пешвои миллатро зикр дошт,ки бо номи «Имом Абуҳанифа: Рӯзгор ва осор» аз чоп баромад. Ҳамзамон, бо ибтикори бевоситаи Пешвои миллат дар кишвари мо мазҳаби ҳанафия мазҳаби расмии мардум эълон гардид, ки ин тадбир низ аз назари сиёсӣ аҳамияти хеле муҳимро соҳиб аст. Дар канори ин, тадбирҳои зиёди давлатиро метавон ном бурд, ки ҳамаи онҳо барои боло бурдани маърифати динӣ ва ҷилавгирӣ аз ҳар гуна андешаҳои ифротӣ аз сар гирифта шудаанд. Дар ҳар мулоқоту суҳбатҳои хеш Пешвои миллат ба ҷавонон ҳушдор медиҳанд,ки ҳушёрии сиёсиро аз даст надиҳанд, балки бештар бикӯшанд, ки бо омӯхтани донишу маърифат машғул гардида, худро аз таъсири ҳар гуна ақидаҳои ифротӣнигаҳ доранд.

Яке аз роҳҳои дигари такмили дониш ва маърифати динии ҷавонон истифодаи босамар аз дарсҳои «Таърихи дин» дар макотиби таҳсилоти миёнаи умумӣ ва донишгоҳҳо ба шумор меравад. Дар ин фурсат низ мутахассисону коршиносонро зарур аст, ки асосҳои дини мубини исломро ба ҷавонон омӯзонида, ақидаҳои номатлуби аз номи дин паҳншавандаро дуруст ва мувофиқи мақсад шарҳу тафсир намоянд. Вагарна гумроҳии ҷавонон, ки сарчашма дар ифротгаройии динӣ дорад, пайваста ба амнияти давлату миллат хатарҳо эҷод мекунанд, ки аллакай натиҷаи онро мардуми Тоҷикистон дар солҳои навадуми асри гузашта дидаанд. Таҳқиқи амиқ дар омилҳои ҷанги шаҳрвандӣ бори дигар собит месозанд, ки сарчашма асосии он боз ҳам ифротгаройии динӣ ба шумор меравад. Ба майдон кашидани ҷавонони он солҳо тавассути тарғиби ақидаҳои ба ном динӣ ва ба хотири бунёди давлати исломӣ боис шуд, ки дар мамлакати мо хисороти зиёди ҷониву молӣ ба миён омада, пояҳои давлатдорӣ сусту фалаҷ гарданд. Аз ин рӯ, имрӯз низ моро зарур аст, ки дар навбати аввал бар он бикӯшем, ки ҷавононро, хоси шогирдони худро дар рӯҳияи маърифати олии инсонӣ тарбия намоем, то ки дар вуҷуди онҳо муҳаббату ихлосу иродат нисбати ҳамдигар афзуда, донишҳои заруриро фаро бигиранд. Маҳз, тарбияи инсони ҷавобгӯ ба меъёрҳои замони имрӯз метавонад дар таҳкими пояҳои ҷомеаи солим низ нақши муассир гузошта, ҳар гуна хатарҳои фикрӣ ва ҷониро ба амнияти инсонӣ ва сайёраи мо коҳиш диҳад. Боварии комил дорам, бо истифода аз чунин шароити мусоид барои омӯзиш ва маърифатандӯзӣ ҷавонони мо дар навбати аввал худ мекӯшанд, ки симо ва сирати хешро бо маънавият, дониш ва маърифати олии инсонӣ барҷаста гардонида, худ намунаи ибрат дар амри коҳиш додани хатарҳои фикрӣ ба амнияти инсонӣ мегарданд.

Рашидова Д.

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ