Ҳодиса дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон

Мардуми тоҷик аз азал мардуми сулҳдўст буда боре ҳам ба тарафи дигар миллату мамлакат теғ накашидааст. Аммо аз муносибати сулҳдўстонаи миллати тоҷик истифода бурда дигар миллатон мехоҳанд, мақсадҳои ғаразноки худро амалї созанд.

Шаби 16 сентябри соли ҷорӣ дар ҷамоати Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон ­Ғафуров ҳаммарзии Тоҷикистону Қирғизистон муноқиша ба амал омад, ки дар натиҷа се нафар марзбони тоҷик ҳалок гардидаанд. Ин ҳама аз якдигарнофаҳмии ҳамсарҳадон ба амал омада, кор то ҷое расидааст, ки шаҳрвандон подполковник Рустам Убайдуллоев, сарбозони қатори Рамазон Исломов ва Ғиёсиддин Суванов ҳалок гардиданд.

Сабаби ҳамаи ин муноқишаҳо аз пушти як порча замин мебошад, ки нофаҳмии якдигар то ҷое расид, ки инсон ҳалок гардидааст. Сокинони Қирғизистон мехоҳанд, ки замини тоҷиконро азони худ кунанд. Замин моликияти давлатї буда ҳатто шаҳрвандони дохили кишвар ҳуқуқ надоранд бе иҷозати мақомотҳои дахлдор порчаеро аз они худ кунад. Халқи тоҷик намехоҳад ва намемонад, ки ба сарзамини кишварамон ягон кас бо мақсади ғаразнок қадам монад. Аз тарафи ҳамсоягони қирғизи мо дар марзу буми ноҳияи Исфара чунин муноқиша низ ба амал омада буд.Мақомоти Қирғизистон баъди сар задани ин ҳодисаи 16-уми сентябр ба тезӣаз марги якмарзбонаш хабар дода, халқи тоҷикро ба он гунаҳкоркарда, ҷониби Тоҷикистонро дар тирпарронӣ муттаҳамкард, аммо ин тавр нест.

Хуб мешуд, Ҳукумати Қирғизистон низ ба ин ҳодисаҳо хунукназаррона муносибат накарда, барои пешгирии ин гуна ҳодисаҳо чораҳои заруриро андешанд.

Мо тарафдори он ҳастем, ки байни хаммарзон якдигарфаҳмӣ шаваду, ҷангу ҷидол аз байн бардошта шавад. Чӣ хеле, ки сарваридавлатамон, Асосгузори сулҳу ваҳдат, Пешвои муаззами миллат Эмомалӣ Раҳмон кӯшиш ба харҷ дода истодаанд, ки байни хамсарҳадон бояд сулҳу субот,фазои сулҳу осоиштагӣ хукмфармо бошад. Зеро як ҷанг метавонад, чандин оилаҳоро нотинҷ, модаронрогирён,фарзандонро бепарастор гардонад.Бинобар ин мо ҷонибдори он ҳастем, ки мақомотҳои иҷроияи Ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Қирғизистон ба ин амалҳо хотима диҳанд. Мо боварии комил дорем, ки Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо ба як давлати абарқудрате табдил ёфтааст, ки намегузорад, пои номубораки бегона ба сарзамини мо гузошта шавад.

Ҷомеаи факултети математика

МАРКАЗИ ИТТИЛООТ