Ҳизбу созмон бо нияти ташаккул ва пешравии ҷомеа
Равнақ гирифтани фаъолияти ташкилотҳои террористӣ, ки дорои характери трансмиллӣ мебошад, муттаҳидсозии кӯшишу талоши ҷомеаи ҷаҳониро оид ба коркард ва татбиқи амалии тадбирҳои ҷавобӣ ҷиҳати таъмини амният ва субот дар сатҳи ҳар як кишвар ва умуман минтақа тақозо менамояд. Ҳар ҳизбу созмон бо нияти ташаккул ва пешравии ҷомеаи шаҳрвандӣ, ҳамчунин хидмат ба Ватану миллат ва дар асоси садоқату посдории муқаддасоти миллӣ ташкил мешавад, вале дар асл созмондиҳандагони онҳо ба хотири ба даст овардани манфиатҳои хеш ва ба даст овардани ҳокимият дар сар орзуву ҳавасҳоеро мепарваранд. Бархе аз онҳо содиқона ба гуфтаҳояшон собит мемонанд ва қисмати дигари онҳо, ки ба дасти бегонагон идора ва маблағгузорӣ мешаванд, дар андак замон чеҳраи аслии онҳо кушода ва нияти шумашон баръало намоён мегардад.
Дар ибтидои асри бист ба стратегияи самти сиёсати хориҷии империализми ҷаҳонӣ табдил ёфта, таъсиси гурӯҳҳои муташаккили ҷиноӣ аз ҳисоби ифротиёни исломӣ ва ташкил додани ҳизбу сектаҳои динӣ ҷиҳати дар ҳоли парешонӣ нигаҳ доштани давлатҳоишарқи мусулмонӣ ва таҳти назорати ҳамешагӣ қарор додани онҳо ба ҳукми анъана даромад. Ин аст, ки тамоми созмонҳои сиррии динӣ-мазҳабӣ даркишварҳои шарқи исломӣ таҳти назар ва ҳимояти империализми ҷаҳонӣ амал карда, баҳри манфиат ва ниёзҳои сиёсию иқтисодии бегонагон хизмат кардаанд. Ҳамин гуна тарҳи сиёсӣ ва динӣ, албатта, таҳти сарпарастии молиявию иқтисодии созмонҳои пасипардагии ғарбӣ дар кишварҳои исломӣ аз ҷониби исломиёни салтанатталаб ва худбохта ҳамсадоӣ пайдо кард.
Муҳаққиқоне, ки дар заминаи қолабҳои мафкуравӣ ва сиёсӣ таҳқиқ мекунанд, тамоми созмонҳои сиёсии исломиро, маҳсули сарпарастии бевоситаи хадамоти хориҷӣ медонанд. Яъне, созмонҳои сиёсии исломӣ аз берун коргардонӣ ва маблағгузорӣ мешуданд. Аз машҳуртарин созмон – «Ихвон-ул-муслимин» шурӯъ карда, то ба ДИИШ ва гурӯҳҳои ба он тобеъ сарпараст ва пуштибони хориҷӣ доранд ва «бозиҳо», асосан аз хориҷ коргардонӣ мешаванд.
Дар тўли таърих «ҶАНГ » ҳеч гоҳ ягон мушкилиро ҳал накардааст. Балки он ба хотири иваз кардани қудрати сиёсӣ аст. Яъне, ТЭТ ҲНИ танҳо ба хотири ба даст овардани қудрати сиёсӣ амал мекунад. Ба худии худ, соҳиб шудан ба қудрати сиёсии давлат айбе надорад ва дар Конститутсия низ пешбинӣ шудааст, аммо ТЭТ ҲНИ барои мо чӣ беҳбудие оварда метавонад. Яқин аст, ки ба ғайр аз давлати исломӣ, ҷомеаи мардсолорӣ ва занҳои дар пушти дарҳо маҳкам, чизе дода наметавонад. Бо ба сари қудрат омадани ин ҳизби исломӣ, ҳамаи онҳое, ки пайрави дигар динҳо ҳастанд ва ё диндор нестанд, аз ҳуқуқи иштирок дар сиёсат ва ҳатто аз ҳуқуқи зиндагӣ маҳрум мешаванд.
ТЭТ ҲНИ-ро наметавон ҳатто як ҳизби ҳомии арзишҳои динӣ номид. Ин як гурӯҳи тундрав ва террористӣ буда, дар дохили кишвар ҳеҷ нерӯи солиме онро қабул надорад. Номи исломро ба худ гузоштанаш ҳам имтиёзе барояш намеорад. Имрӯз дунё пур аст аз ҷараёну ҳизбҳое, ки бо номи ислом қад кашидаанд, аммо на танҳо исломӣ нестанд, балки мавҷудияташон ҳамагӣ бар зарари мусулмонҳост. Ва инро мардуми мо огоҳона дарк мекунанд.
Зеро имрӯз аъзоёни Паймони зиддимилӣ “Чорёрони алкаш” бо номҳои А. Шерзамонов, Т.Варқӣ, Р.Темуриён ва Ш.Гадоев зарурият надоранд, барои тинҷиву амонии кишвар халалдор намудан.
Худи ташкил ва таъсис додани ҳизби наҳзати исломӣ дар Тоҷикистон заминаи иҷтимоӣ надошт. Онро мисли дигар ҳаракатҳои сиёсӣ ба таври сунъӣ аз хориҷ ворид намуданд. Аслан ин ҳизб дар қаламрави Русия созмон ёфта, бо мавҷи бозсозию ислоҳотгароӣ ва ба ном демократиясозии Горбачевӣ ба кишвари мо омаду дар як дам ҷавонони роҳгумзадаро ба худ ҷалб намуд. Мардум дар оғоз намедонист, ки мақсаду ниятҳои ин ҳизб чӣ хохад буд. Гумон мекарданд, ки акнун маҳз тавассути он фаризаҳои диниашонро иҷро мекунанд ва бо ин васила дини мубини исломро интишор медиҳанд. Аз нуќтаи назари сиёсї боз њам наќши сиёсии ин гурўњи хиёнатпеша маълум мешавад, ки барои мансабу љоњ миллату давлат ва падару модари худро ба савдо гузоштаанд.
Ҷумҳурии соҳибистиқлоли Тоҷикистон роҳи худро дар мавриди бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муайян намудааст. Аз ин рӯ, давлат ва Ҳукумати мамлакат намегузоранд, ки гурӯҳҳои таҳрибкор бо истифода аз арзишҳои динӣ ва расидан ба мақсадҳои носолими худ ба рӯзгори осоиштаи мардум халал ворид созанд.
Қурбонова М.У- омўзгори кафедраи умумидонишгоњии фалсафа